Бо дасисабозиву иғвоангезӣ кас ба ҳадаф нарасад!
Суботу оромӣ дар раванди бунёду нигоҳдошти давлатдории миллӣ яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад. Дар замони муосир хавфҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, таъсири худро ба тамоми сокинони сайёра мерасонад. Имруз ҷаҳон ба як марҳилаи душвори сиёсиву низоӣ рӯ ба рӯ гардидааст ва ҳифзу ҳимояи амнияту осоиштагии давлатҳо дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромаду суханрониҳояшон таъкид карда буданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Яке аз масъалаҳое, ки ҳоло башариятро ба ташвиш овардааст, ифротгароӣ ва зуҳуроти номатлуби он аст. Дар маҷмӯъ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳоест, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷударо қатъиян рад мекунад. Ин зуҳуроти номатлуб имрӯзҳо дар ҳама расонаҳо зиёд паҳн шуда, тавассути наворҳо диққати миллионҳо сокинони сайёраро ба худ ҷалб менамояд.
Гурӯҳу созмонҳои ифротгарое ба миён омадаанд, ки хатари ҷиддиро ба тамоми давлатҳои рӯи ҷаҳон мерасонанд. Қувват ва густаришёбии ин “вабои аср” боиси аз байнравии истиқлолияти давлатҳо, ваҳдату дӯстӣ, косташавии фарҳангҳо, муносибатҳои дипломатӣ шудааст. Ҷаҳони муосир, ки дар давраи рушд ва навовариҳои илмию техникӣ қарор дорад, аз ҳар шахс зиракиву ҳушёрӣ ва дурандешиву тафаккури амиқро талаб менамояд.
Бояд гуфт, ки низоми ҷаҳони муосир дар ҳоле қарор дорад, ки манофеи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию геополитикӣ дар ҳоли бархӯрд ва маҳви якдигар қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ ва ҷойгиршавиаш дар минтақа байни бархӯрди манофеи абарқудратҳо қарор дорад. Чунин ҷойгиршавӣ имконият дорад барои манфиатхоҳон, бахусус ТЭТ ҲНИ ҳамчун восита истифода шавад.
Раҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ хиёнаткориҳои аъзоёнашро дарк намуда, баҳри ҳимояи онҳо роҳҳои гуногунро пеша карда, бо ҷалби рӯҳониёни ифротӣ, наҳзатиҳои фурӯхташуда ва зери назари дигарон нишасту вохӯриҳо мегузаронад, то ҳар гуна амалҳои зишти онҳо пушти парда монад. Баҳри нигоҳ доштани мавқеи хеш чунин нишастҳоро ташкил намуда, мекӯшад гунаҳкорони ифротгарои наҳзатиро ҳимоят кунад. Вале намедонад, ки халқи тоҷик кайҳо аз фаъолияти тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ огоҳанд. Бар замми ин, роҳбари ҳизб тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад карда, дар бораи ифротӣ будани пайравонаш ҳарфе намегӯяд. Далел ҳамин аст, ки Муҳиддин Кабирӣ бо думболагириҳои ифротияш давлату миллати тоҷик – сарзаминеро, ки дар он таваллуд шудаву ба воя расидааст, зери тозиёнаи танқид қарор дода, барои Ватан хиёнат намудааст.
Далели собитшуда аст, ки феълан ТЭТ ҲНИ бо зиёда аз 20 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу ташкилотҳои ифротгарову иртиҷопараст, амсоли “Ҳаракати исломии Туркистони ғарбӣ”, “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон), “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ан-Нусра”, ҳамкорӣ дошта аъзои он бо амалҳои ифротию террористии худ дар амри ангезиши зиддияти фарҳангу тамаддунҳо, давлату миллатҳо ва мардуми осоишта талош меварзанд. Ҷумҳурии Тоҷикисон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳони ҳамеша мубориза бар зидди ин падидаи номатлубро вазифаи аввалиндараҷаи хеш шуморидааст. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад ва барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат додааст. Аммо баъе ҳизбу ҳаракатҳо, амсоли ТЭТ ҲНИ ва Гурўҳи 24 аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳанд ақидаҳои нопоки хешро болои мардум таҳмил намоянд. Чунин гурўҳҳои ифротӣ бо дастгириҳои "хоҷагони беруниашон" кўшиш мекунанд, ки вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии кишварро халалдору ноором созанд. Нафароне, ки ин гуна амалҳои номатлубро нисбати ҷамъият ва давлат мекунанд ё карданд, қалбу нияташон ва ботинашон моломоли кибру ғурур, нопокӣ, фисқу фуҷур ва амалҳои аҳриманӣ мебошад.
Маълум нест, ТЭТ ҲНИ то ин дам чӣ кореро ба нафъи халқ ба сомон расонида, ки ақидаҳои интиқодиро нисбат ба давлату миллати тоҷик пеш меорад. Ва боз хостори идомаи он ҳаст, вале мо аз аъмоли хиёнаткорона ва душманонаи онҳо бохабар ҳастем. ТЭТ ҲНИ ва роҳбари фирории он Муҳиддин Кабирӣ бо найрангу монипулятсияи сиёсӣ талош бар он дорад, ки аксар одамон, махсусан ҷавононро гумроҳ сохта, ба худ ҷалб намуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муғризонаи хеш аз нерӯи онҳо истифода намояд. Роҳбари созмони бесомони ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо дасисаҳои такрорӣ дар миёни балоҳо монда, чӣ кор кардан ва аз ин варта чӣ гуна халос ёфтан, қиссаву ривоёти худро ба кӣ гуфтан, аз ин балову дарди ҷонгудоз – беватанӣ чӣ тарз халос шудан ва аз кӣ мадад ҷустанро намедонад. Акнун Кабириро дар ин вартаи ҳалокат ҳеҷ паноҳе ва ҳеҷ дастгире нест, ба ҷуз “хоҷагони хориҷӣ”-аш.
Бояд гуфт, ки бархе аз душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои тинҷу ороми кишварро халалдор намоянд. Ин тоифаи нотавонбин ва ғуломи зархариди хориҷиён пайваста талош мекунанд, ки тариқи телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди мардуми шарафманди тоҷик ва давлати тоҷикон иғво ангезанд. Ин амалҳои эшон берун аз кирдорҳои неку наҷиби инсонӣ буда, ба ҷуз хиёнат ба Ватан чизи дигаре нест. Ҳар як фарди ин диёр бояд бифаҳмад, ки Ватан фарзандони хоинашро ҳеҷ гоҳ намебахшад!
Мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои давлату миллати хеш эҳтиром қоил аст ва онро чун гавҳараки чашм муҳофизат хоҳад кард. Ҳама ин тараққиёт, рушду такомул, пешрафт, ободониву созандагӣ, амнияту бехатарӣ магар аз сулҳу ваҳдат нест? Магар ин хандаи кўдакон, оромии қалби модарон ва осмони мусаффо аз тинҷӣ нест? Ин ва дигар суоли зиёде ҳаст, ки шумо якчанд тоҷикони сиёҳдил ва ё иғвоангези хориҷа, ки бо баромадҳои беасосу иғвоангези хеш байни мардум тафриқа меандозед, бояд биандешед!
Нурматзода Ш.