Бо бадон ҳаргиш машин
Одоби муошират ва рафтор маданият ва ҳадафҳои ахлоқии хоси худро дорад. Агар инсон ҳамнишини хуб дошта бошад, аз вай инсони хуб мебарояд ва агар ҳамнишини бад дошта бошад, инсони бадкирдор мебарояд. Чуноне, ки дар урфият мегӯянд:
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расфо шавад.
Одоби муошират дар ҳаёти инсон вазифаҳои муайянро иҷро мекунад ваяке азқисматҳои муҳими илми ахлоқ мебошад. Вале агар одоб дар маҷмуъ аз як тараф ҳама шаклҳои одобу ахлоқро ифода кунад, аз тарафи дигар шакли нишон додан ё тарзу равиши тарбияи одоби инсонро дар бар мегирад. Яке аз нафароне, ки дорои хислатҳои бади инсони асту, одоби муоширатро намедонаду, ба ҳамагон ваҳшиёна муносибат мекунад Муҳаммадбоқир мебошад, ки сифатҳои беинсофиву ноодамиаш бешуморанд ва аз рӯбоҳи ҳиллагар мондание надорад. Вай сабабгори нооромиҳо дар Бадахшон буда, боз чандин ҷавонони бегуноҳро бар доми худ кашидаасту, ҳаёти онҳоро талх кардааст. Вақте, ки вай сардори раёсати маорифи вилоятро лату кӯб мекунаду кори кардагиашро ба гарданаш намегирад, маро сахт алам кард. Агар мо ба ин амалҳо чашим пӯшем, пагоҳ ҳоли мо чи мешуда бошад. Нафари дигаре бармехезад ва кори номатлуби вайро идома медиҳад. Аз баромадҳои интернетиаш худ аён аст, ки вай ҷинояткор аст. То шамол нашавад шохи дарахт намеҷунбад. Ин афроди ҷиноятпеша тариқи шабакаҳои ичтимоӣ баромад намуда, мехоҳад дар байни миллати сулҳпарвари тоҷик тафриқа андохта, бо ин восита худро “сафеду бегуноҳ” нишон диҳад, гуё ба ҷинояте даст назадааст.
Банда ба тамоми модарону падарони ВМКБ муроҷиат намуда, хоҳиш кардани ҳастам, ки фарзандонашонро аз шомил шудан ба ҳаракати Муҳаммадбоқир ва тарафдори кардани ақидаҳои ифродиаш боз доранд ва нагузоранд, ки фарзандонашон ба ин роҳи бади Муҳаммадбоқир ҳамроҳ шаванд. Зеро он оқибатинохуш дораду қонун барои ҳама як аст ва ҷинояткор беҷазо намемонад. Чуноне, ки мегӯянд: “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ”. Пас биёед зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ободиву оромии кишварамон камари ҳиммат бубандем.
Биоишаи Назар