Бефарқу бетараф набошем!
Воқеаҳои рӯзҳои охир дар вазъи сиёсии ҷаҳон ба вуқӯъ пайваста, яъне амалиёти махсуси ҳарбии Федератсияи Россия баҳри муҳофизати мардуми минтақаи Донбасс ва нобуд кардани миллатгароён дар Украина, таҳримҳои эълонгашта ва ҳоказо то ба андозае таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба қазияи Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон”, машаққати мардуми нодори афғон ва ғайра коҳиш додааст.
Маълум аст, ки баъди аз фирори ногаҳонии гумоштаи Амрико, собиқ президенти кишвар Ашраф Ғанӣ ҳокимияти давлатӣдар Афғонистон фалаҷ гардида ҳаракати ифротгарои “Толибон” қудрати давлатдорӣ ба даст овард. Аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон бо баровардани аскарони худ аз хоки Ҷумҳурии Афғонистон расонидани кӯмакҳои башардӯстонаро низ қатъ карданд. Таъқибу тазъиқи кормандони собиқи созмонҳои байналмилалӣ, поймол намудани ҳуқуқи занҳо, нафарони ғайримусалмон, таҳкими реҷаи “шариати ислом” ва тадбирҳои дигар амалҳои нахустини “Толибон” буд, ки боиси рӯй гардонидани мамлакатҳои ҷаҳон аз пуштибонии “Толибон” шудааст. Лекин, дар ин бозиҳои сиёсӣ мардуми кишвар бо сабаби касодии иқтисодиёти дохилӣ дучори қашшоқӣ ва гуруснагӣ дар фасли сармо гардиданд. Хурӯҷи ҳаракатҳои озодихоҳи Шимоли Афғонистон бо сарварии Аҳмадшо Масъуд бо сабабҳои мухталиф то ҳанӯз мавқеи муайянеро соҳиб нашудаанд.
Ҳамаи амалҳои зикрёфта бар дӯши аҳолии оддӣ санги вазнини зиндагиро бор карду нафарони солимақли ҷаҳон ҷонибдори ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи Афғонистон нагаштанд. Риққатовар аст, ки вазъи сиёсӣ – иқтисодӣ то ҳол ҳамонтавр боқӣ мемонад ва аз таваҷҷуҳи оламиён берун мондааст. Чунин ҳолат симои аслии демократҳои оламро инъикос менамояд, ки “сухан дигар асту амал дигар”. Ҳузнангез аст, ки Ҷумҳурии Афғонистон бо кишвари мо сарҳадоти тӯлонӣ дораду нооромиҳои дохилии он ба вазъи сиёсии Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад. Амалҳои пайгиронаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабабгори эътидолёбии вазъ шуда бошад ҳам, на ҳамаи хавфу хатарҳо рафъ намудааст.
Дар ин вазъи пурҳассос якдиливу ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ягонагии мардуми кишвар бо ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар омили суботи сиёсӣ, оромӣ, осудагӣ ва сулҳи ҷомеа мебошад, ки ҳар фарди соҳибақл ба ин кӯшиш намояд. Зеро, нафари бефарқу бетараф бадтар аз душман аст, ки намедонӣ аз ӯ чиро интизор шуд. Бинобар ин, аз ҳар шаҳрванди бо нангу номуси кишвар боисрор даъват менамоям, ки дар тақдиру ояндаи ҷомеа бефарқ набошанд, мавқеи фаъоли шаҳрвандиро ишғол намуда муттаҳидӣ дар гирди роҳбарияти олии кишварро пешаи асосии худ қарор диҳанд.
Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”