Бас аст зулму ситам

Инсонигарӣ, накӯӣ ва дасти ёрӣ дароз кардан аз ниёгон ба мо меърос мондааст ва дар хуни мардуми тоҷик ҷой шудааст. Вале мутаъсифона наҳама онро дарк мекунаду мефаҳмад. Аз ҷумлаи ин тоифа мардумон Толибон мебошанд, ки ба ҷуз қоидаву қонунҳои шариат касеро намепазиранд. Бечора мардум сарсону саргардон дар сарҳадҳои мамолики дигар ҳамчу ғарибанд.

Афғонистон ҳамсарҳади Тоҷикистон мебошад. Аз онҳо, сарҳади дарё 1135,3 километр, сарҳади заминӣ 189,85 километр ва сарҳади кӯл 19 километрро ташкил медиҳад.Роҳи асосии қисми шимолии сарҳад бо дарёи Панҷ тӯл мекашад. Аз ҷониби Афғонистон танҳо роҳҳо ва масирҳои қад-қади дарё тӯл мекашанд. То ба наздикӣ, қариб як шоҳроҳ, ки дар минтақаи Панҷи Поён воқеъ аст, Тоҷикистон ва Афғонистонро мепайвандад.

Дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбе пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Русия ҷойгир аст, ки амнияти сарҳадро дар тарафи Тоҷикистон таъмин мекунад ва бо қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амният ҳамкорӣ мекунад. Инчунин, гоҳ-гоҳ қувваҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон машқҳои муштараки низомӣ дар назди сарҳад бо мақсади муқобила бо террористон, бунёдгароҳои исломӣ ва қочоқи маводи мухаддир баргузор мекунанд. Бо вуҷуди талошҳои ду кишвар барои таъмини амнияти сарҳад, вазъият аз сабаби ҷамъоварӣ ва ҳамлаи даврии террористон ва муҷоҳидон дар наздикии сарҳад мебошад.

Баъди запти Афғонистон бо Толибон вазъият муташанниҷ гардид. Зеро оромии ҳамсоя оромии мост. Ин муаммо на танҳо мо балки оламиёнро низ ба ташвиш овардааст. Мадум дар азоб, ҳуқуқу озодиҳо поймол ва зӯроварӣ нисбати занон,ваҳ чӣ даҳшат аст. Ҳукумат бо яроқу милтиқ ва ҷангу ҷидолу зӯроварӣ пойдор намешавад. Мо дар асри 21 қарор дорем на дар давраи обшинаи ибтидоӣ. Мутаъсифона ин гапҳо беҳуда аст. Нафаре ин гапҳоро дарк карда метавонад, ки ақлу ҳуши расо ва дониши мукаммалу иродаи қавӣ дораду барои пешравиву ободии миллаташ мекӯшад. Толибон ба ин қодир нестанд. Онҳо ба ҷуз қоидаҳои шариат чизеро намеписанданд. Ҳатто дар дини мубини ислом низ мақоми зан модар боло аст. Вале он дар ин кишвар риоя намешавад.

Ман шукр аз он дорам, ки дар Ватани азизу маҳбуб, ҷаннати рӯи замин бо ном Тоҷикистон ба дунё омадааму умр ба сар мебарам. Шукри обат, шукри хокат мекунам. Ватани ҷоноҷони ман.Хоҳони онам, ки дар тамоми рӯи олам сулҳу салоҳ ҳукмфармо бошад ва мардум дар фазои ободу осоишта умр ба сар баранду хандаи кӯдакону модарон ҳувайдо бошад.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ