Бас аст иғвогарӣ

Имрузҳо гуруҳҳои мухолифин бо ном “Паймони миллӣ” ва “Гуруҳи 24”, ки ҳамчун ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешаванд бо ҳар роҳу усул мехоҳанд оромӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеа халалдор намуда, дар ҷомеа нооромӣ ва бетартибиҳоро ба вуҷуд оваранд.

Мирзо Салимпур яке аз фаъолони ин гуруҳҳои нохалаф аст, ки ҳамаруза тариқи сомонаҳои шабакаи иҷтимоӣ тариқи пойгоҳи хабарии худ бо ном “Бомдод.ком” мехоҳад ба мафкураи ҷомеа таъсир расонида, ба ин васила ба ҳадафҳои нопоки худ расад. Яке аз масаъалаҳои асосие, ки имрузхо дар маркази таваҷҷуҳи ин иғвогари миллат ҷой гирифтааст масъалаи ВМКБ мебошад. Доираи ин масъала якчанд мавзуъҳо ба монанди: “Амриддин Аловатшоев аллакай дар Душанбе дар дасти УПОБ аст”, “5 шарти “Комиссияи 44” ба мақомот: сардори ШВКД Хоруғ барканор ва иштирокчиёни амалиёт дар деҳаи Тавдем ҳабс шаванд!”, “Муроҷиати ҳамсар ва писари Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҷомеаи ҷаҳонӣ: мо ҳатто намедонем, ки ӯ зинда аст ё не...”, “Сокинони Хоруғро шабона афроди силоҳбадаст манъ кардаанд”-робаррасӣ ва ба таври худ таҳлил намудааст. Он суханҳо ва ё наворҳои видеоие, ки ин иғвогари миллат дар пойгоҳи хабарии худ “Бомдод.ком” нашр намудааст асосе надоранд ва танҳо ба хотири таъсир расонидан ба маънавиёти бинанда ва хонанда нашр карда шудааст. Аз навиштаҳои Мирзо Салимпур пай бурдан мумкин аст, ки вай дастгиршудагонро бегуноҳ ҳисобида ба ин васила мехоҳад дар ҷомеа ҳисси бадбинӣ, душманиро нисбати кормандони мақомотҳои қудратӣ ва ҳокимияти давлатӣ ба вуҷуд орад.

Ин душманони миллат бояд дарк намоянд, ки ҷомеа кайҳо руи ҳақиқии онҳоро шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ пайрави онҳо нахоҳанд буд. Мардуми кишвар ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварииАсосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон итминони комил доранд ва намегузоранд, ки ин хоинони миллат сулҳу субот ва оромиро дар ҷомеа халалдор созанд.

Бо як овоз гуфтнием БАС АСТ ИҒВОГАРӢ!!!

Исмоилова М.Б.-сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ