БАРРАСИИ НАТИҶАИ ПЕШАКИИ АТТЕСТАТСИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Дар толори раёсати Донишгоҳ давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҷаласаи ҷамъбасти пешакии аттестатсияи давлатии Донишгоҳ баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишгоҳ Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки раванди аттестатсия ҳамчун омили муҳимми арзёбии воқеии фаъолияти муассиса ба баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм ва таҳкими нуфузи Донишгоҳ мусоидат менамояд.

Сипас, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид зимни суханронӣ ба масъалаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ қайд кард, ки дар шароити рушди босуръати ҷаҳони муосир баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат ва густариши фаъолияти илмӣ аз вазифаҳои калидии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳисоб мераванд.
Зимни баррасии натиҷаҳо таъкид гардид, ки Донишгоҳ дар як қатор самтҳо, аз ҷумла ташкили раванди таълим, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳамзамон, зикр шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таҳсилот, такмили барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани фаъолнокии илмии устодон ва ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои таҳқиқотӣ тадбирҳои иловагӣ заруранд.


Дар идома, сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентӣ Хушвақтзода Дилшод натиҷаҳои пешакии аттестатсияро муфассал шарҳ дод. Ӯ зикр кард, ки дар давоми ду ҳафта фаъолияти тамоми сохторҳои донишгоҳ – аз ҷумла раёсати Донишгоҳ, факултетҳо ва кафедраҳо – аз рӯи самтҳои асосӣ мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуданд. Ҳолати таъминоти кадрӣ, сатҳи ташкили раванди таълим, иҷрои барномаҳои таълимӣ, рушди фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ, сатҳи корҳои тарбиявӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар баробари дастовардҳои назаррас дар ҷараёни аттестатсия баён гардид, ки баъзе ҷанбаҳо такмилро тақозо менамоянд. Ҳамзамон ғанӣ гардонидани муҳтавои чорабиниҳои тарбиявӣ ва мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ шуданд.
Дар ҷаласа роҳбарияти Донишгоҳ, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуда, доир ба беҳтар намудани самтҳои фаъолият ва баланд бардоштани рақобатпазирии муассиса андешаҳои худро баён доштанд.
Дар фарҷоми ҷаласа ректори Донишгоҳ таъкид кард, ки ҳайати роҳбарият ва омӯзгорону кормандон барои татбиқи тавсияҳои пешниҳодшуда ва таъмини рушди минбаъдаи Донишгоҳ тамоми имкониятҳоро сафарбар менамоянд.
Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»