БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» 11 феврали соли 2026 дар Донишгоҳ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» вохӯрии судманд бо ҷалби донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ ва забонҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, инчунин Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар баромадҳо масъалаи тақвияти фаъолияти идеологию сиёсӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла экстремизм ва терроризм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷумлаи ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста шуд.
Қайд гардид, ки қабули ин қонун гувоҳи сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, махсусан миёни ҷавонон мебошад.
Тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, пос доштани таъриху фарҳанги миллӣ ва гиромидошти хотираи неки абармардони миллат, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои ношоиста, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб аз ҳадафҳои асосии чорабинӣ дониста шуд.
Дар охир таъкид гардид, ки баргузории мунтазами чунин мулоқоту суҳбатҳои тарбиявӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон ва омодасозии онҳо ҳамчун шаҳрвандони фаъолу масъулиятшинос нақши муҳим мебозад.
Маркази иттилоот ва таҳлил