​БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

6 феврали соли 2026 дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои соҳаи маориф ва илм дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки устодон, олимон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳадафи ҳамоиш омӯзиш, шарҳу тавзеҳ ва баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва стратегии рушди давлат арзёбӣ гардид. Дар баромадҳо таъкид шуд, ки Паём барои рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи насли донишманд ва рақобатпазир аҳаммияти муҳимеро соҳиб аст.

Дар бахши илмии конференсия олимону донишмандон дар мавзуъҳои «Дурнамои рушди соҳаи мактабу маориф ва илм дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Паём ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат» маърузаҳои пурмуҳтаво ироа намуда, масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим, ташаккули насли донишманд, соҳибкасб ва рақобатпазир, рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонӣ ва амнияти озуқаворӣ, сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Конференсия бо мубодилаи афкор, натиҷагирии илмӣ ва таъкид бар аҳаммияти татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф ва илм анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ