Баррасии бӯҳрони сиёсии Афғонистон дар Душанбе

17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ Ховар бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои хорҳои хориҷӣ, ки ин хабарро интишор намуд,маълумот медиҳад.

Дар назар аст, ки дар шаҳри Душанбе Шӯрои Сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бори нахуст баргузор гардида, вазъи сиёсӣ, таҳдидҳои замони муосир, пеш аз ҳама ҳолати кунунии кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон ва пешгирии тундгароиву ғасби ҳокимияти конститутсионии ин кишвар аз ҷониби “Толибон” ва ҳолати минбаъда, вазъи ҷамеаи азияткашида истодаи он мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Бояд гуфт, ки кишвари Афғонистон низ ба узвияти СҲШ пазируфта шуда буд. Азбаски ҳокимияти конститутсионии он аз ҷониби ҳаракати тундгаро ва террористии “Толибон” ғасб карда шуд, аз ҷониби ин мамлакат намоянда фиристода намешавад. Зеро сарвари давлати Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳокимият ва мамлакатро тарк намуда, ба хориҷи кишвар иҷборӣ шудааст. Бинобар он ҳокимияти сиёсие, ки “Толибон” ташкил намуданд, ягон кишвари минтақа эътироф накард. Ҳатто 67 сафоратхонаҳои Афғонистон, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доштанд, ҳокимияти “Толибон”-ро ҳамчун ҳукумати қонунӣ эътироф накарданд. Аз ҷумла, сафоратхонаи ин кишвар, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад, онро эътироф накард ва аз иштироки намояндаи худ дар Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ барои иштирок муаррифӣ накард.

Дар ҳоли ҳозир вазъи сиёсии Афғонистон хеле ногувор буда, ҳаракати тундгарои “Толибон” аз 37 вилоятҳои ин кишвари ҷангзада 33 вилояти онро дар муддати кӯтоҳ ишғол намуда, ҳатто пойтахти он Кобулро низ тасарруф намуданд. Боқимонда вилоятҳои Афғонистон низ таҳти фишори сиёсӣ-ҳарбии “Толибон” қарор дошта, кӯшиш мекунанд, ки дигар вилоятҳои берун аз дасташонро ишғол намоянд. Ягона қуввае, ки бар зидди ҳаракати тундгарои “Толибон” муқовимат мекунад, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд мебошад, ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин Аҳмад Масъуд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмону ташкилотҳои минтақа ва ҷаҳон муроҷиат намуда, барои таъмини сулҳ ва суботи сиёсии Афғонистон кӯмак металабад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат бо истифода аз фурсат кӯшиш доранд, ки дар Афғонистон ҳукумати мусолиҳаи миллӣ таъсис дода шавад, то ки тамоми манфиатҳои халқҳо ва миллатҳои ин кишварро ба инобат гирад.

Ҳамин тавр, дар Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ва СААД масъалаи таҳдиду хатар ва бартарафсозии бӯҳрони сиёсию иҷтимоии Афғонистон баррасӣ гардида, сулҳу субот ва амнияти давлату ҷомеаи Афғонистон таъмин карда шавад.

Маҳкамов С., Муҳамадизода М. - омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ