Барои ҳамсоякишвар сулҳу оромӣ мехоҳем
Чӣ тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад , бистуми октябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар изҳороти якҷояи иштирокдорони ҷаласаи мазбур омадааст, ки то ҳол вазъи Афғонистон мураккаб арзёбӣ гардида, амалиёти террористӣ ва дигар омилҳои хушунатӣ сабабгори талафоти ҷонӣ гардида истодаанд, ки боиси нигаронист. Илова бар ин, омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки ҷавонони халқиятҳои гуногунро гумроҳ карда, ба ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ҷалб намуда истодаанд. Ҳадафи ин созмонҳо барҳам задани давлатдорӣ дар кишвари Афғонистон буда, ба ин васила таҳлука эҷод намудан ба кишварҳои ҳамсарҳади Афғонистон мебошад. Нафароне, ки оромии давлати Афғонистонро вайрон намудаанд, намедонанд, ки ҷомеаи ҷаҳони нисбати ин амали нодурусти онон бетараф нест. Кишварҳои ҳамсоя ҳамвора барои муътадил гардидани вазъият дар Афғонистон талош меварзанд ва аҳамияту зарурати ташкили ҳукумати фарогирро бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва конфессиалӣ хоҳонанд. Аз ҷумла, мардуми Тоҷикистон хоҳони он аст, ки барои ҳалли моҷарои Афғонистон созмонҳои дахлдор роҳи ягонаро коркард намуда, кӯшишҳоро баҳри барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ дастгирӣ намоянд. Зеро оромии кишвари Афғонистон на танҳо барои мардуми ин мамлакат, ҳамчунин барои тамоми минтақаи Осиёи васат, хосатан, кишварҳои ҳамсарҳади он басо муҳим аст.
Мо, мардуми Тоҷикистон ҳамвора ҷонибдори ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон ҳастем ва аз халқи ин кишвар даъват ба амал меорем, ки дар роҳи ба даст овардани истиқлолият талош варзанд ва пурдил бошанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, мардуми кишварҳои ҳамсоя тарафдори онҳост. Зеро оромии кишвари ҳамсоя ваҷҳи оромии худи онҳост.
Мардуми Афғонистон соҳибтамаддун буда, дар таърихи мавҷудияти хеш бисёр ҳодисоту воқеоти муҳими сиёсиву иқтисодиро паси сар кардааст. Ин бор ҳам бовар дорем, ки бо дастгирии созмонҳои дахлдор вазъият дар ин кишвар муътадил мегардад ва зиндагии орому осоишта барои мардуми ҳамсоякишвар таъмин мегардад.
Садорати факултети филологияи тоҷик