БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ЭҶОДИИ «ТОҶИКИСТОН ЗИНДАЯМ БО НОМИ ТУ»
Бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдоди ҷавон миёни донишҷӯён дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳ 12 феврали соли 2026 озмуни эҷодии «Расми беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон зиндаям бо номи ту» баргузор шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки иштирокчиён бо завқи баланд Тоҷикистони зебоманзару соҳибистиқлолро бо истифода аз рангҳои обӣ ба таври эҷодкорона рӯи коғаз таҷассум намуданд.
Дар озмун 18 нафар донишҷӯ иштирок намуда, ҳунар ва маҳорату малакаи хешро нишон доданд. Корҳои пешниҳодгардида аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёрҳои сатҳи иҷрои эҷодкорона ва мутобиқат ба мавзуъ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон, донишҷӯён – Дадобоева Мафтуна ҷойи аввал, Абдукаримова Рухшона ҷойи дуюм ва Ғаффорова Сарвиноз ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин озмунҳо барои рушди истеъдоди ҷавонон, ташаккули ҷаҳонбинии бадеӣ ва таҳкими эҳсоси ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намуда, дар тарбияи насли эҷодкору худогоҳ нақши муассир мегузорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил