​БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯИ НАВБАТИИ МАГИСТРАНТОНИ СОЛИ ДУВУМ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар толори факултети геоэкология ва туризм аттестатсияи навбатии магистрантони соли дувуми факултетҳои филологияи тоҷик ва филологияи рус баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳадафи муайян намудани сатҳи омодагии илмӣ-тадқиқотии магистрантон, баррасии ҳуҷҷатҳои таҳсил, назорати иҷрои нақшаҳои инфиродии таълим ва роҳнамоии онҳо дар марҳилаи хотимавии таҳсил доир гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Ятимзода Содиқ чорабиниро ифтитоҳ бахшида, аттестатсияро яке аз марҳилаҳои муҳимми таҳсилоти магистратура унвон намуд.

Бояд гуфт, ки аттестатсия имконият фароҳам меорад, то сатҳи фаъолияти илмӣ ва пешрафти корҳои таҳқиқотӣ ва омодагии касбии магистрантон муайян гардида, ҳисси масъулият, худбаҳодиҳӣ, тақвияти тафаккури миллӣ ва такмили малакаҳои таҳқиқотии онҳо баланд бардошта шавад.

Маврид ба таъкид аст, ки аттестатсияи магистрантон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» аз санаи 26 то 30-юми январи соли ҷорӣ баргузор гардида, дар ҷараёни он сатҳи омодагии илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷрои нақшаи таълим ва риояи талаботи меъёрии барномаҳои магистратура мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар рафти аттестатсия барои магистрантоне, ки зимни таҳияи рисола ва мақолаҳои илмӣ ба камбудиҳо роҳ додаанд, дар ислоҳ ва бартараф намудани онҳо муҳлат муқаррар карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ