Бадкинаро ҷазо аз Парвардигор аст!
Тамаддуни башарӣ барои рушди бемайлон ва суботи ҷомеа меъёрҳои ахлоқӣ – маънавиҳоро муқаррар намудааст, ки риояи онҳо амали доимии бидуни шубҳа бояд бошад. Яке аз маҷмӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ танзими истифодаи обҳои фаромарзӣ байни мамлакатҳои ҳавзаи манбаҳои обӣ мебошад, ки мебояд бечунучаро риоя ва иҷро карда шавад. Зеро, захираҳои оби оламро соҳиби ягона танҳо Офаридгор асту баҳри истифодаи умум офаридааст. Нафаре, ки насибаш саргаҳи захираҳои об шудааст, масъулияти дучанд дар танзими истифодаи об ва тақсимоти одилонаро бояд дошта бошад. Чунки, неъмати илоҳӣ насибаи ҷумлаи мардум аст. Мутаасифона, то ҳанӯз дар ҷомеаи башарӣ тӯдаи нокасони худобехабари беинсоф мавҷудият доранд, ки мисоли онро метавон дар муносибати беақлонаи қирғизтаборон нисбати аҳолии шаҳрҳои Исфараю Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров мушоҳида кард.
Раванди тағйирёбии глобалии иқлими сайёра дар он мушоҳида гардида истодааст, ки ҳаҷми солонаи боришоти табиӣ нисбатан камтар рехта истодаасту бар замми он , қисмати асосии он дар мавсими баҳору тирамоҳ ба намуди борон борида истодааст, ки ғуншавии онро дар намуди захираи барф инкор мекунад. Захираи барф, ки хеле кам асту тадриҷан наметавонад сой ва дарёчаҳои кӯҳиро бо об таъмин намояд. Аз ин сабаб, дар фаслҳои баҳору тобистон, ки айёми киштукор ва нашъунамоии зироатҳои кишоварзӣ аст, норасоии об барои обёрӣ дар аксарияти минтақаҳо ба назар мерасад. Дар ин давраи камобӣ мебояд ҳамаи истифодабарандагони об дар мувофиқа бо якдигар фаъолият намоянду аз захираи мавҷудаи об оқилона истифода баранд. Лекин, ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳар баҳонаю сабабҳои беасоси бардурӯғ дар дарёчаҳои ҳудуди худ обанбор бунёд кардаву ба ҷониби Тоҷикистон ҳаҷми камтари обро интиқол дода истодааст. Ҳол он, ки мутобиқи созишномаҳои тарафайн қазияи мавҷуда бо ҷалби ҷонибҳо мавриди тақсимот қарор мегирифт. Аммо, қирғизтаборон барои пайдо шудани баҳси муноқиша сабаб эҷод карда истодаанд. Хусусан, бастани ҷӯйи обрасони чор маҳаллаи деҳаи Чоркӯҳ ва беадолатӣ дар деҳаи Хуҷаи Аълои Исфарамарз гувоҳӣ медиҳад, ки ҷониби қирғиз махсус барои низоъандозӣ байни мардуми маҳал ба ин корҳо даст задаасту ин амали тоифаи маҳдуди қирғизони бефаросот мебошад, ки мувофиқи фармудаи хоҷагони маблағгузори худ фаъолият доранд.
Сабуриву таҳаммулпазирии тоҷикон ҳудуди муайяне дораду нашояд онро имтиҳон кард. Вагарна, чун қазияи моҳи апрели соли гузашта ҳолате рух медиҳад, ки бо сари хам қирғизон роҳи мусолиҳа меҷӯянд. Ҳушдор бошанд, ки барои амалҳои номуносиб дар давраи камобӣ ба ғазаби Офаридгор дучор хоҳанд шуду киштзорҳои серобашон бесамар хоҳад шуд.
Собиров Мурод Собитҷонович-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатииХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”