​Бадахшонро ноором насозед

Гуруҳҳои террористӣ боз ин дафъа ҳам фаъол шуда, яке аз минтақаҳои ҷанубии мамлакатро ба коми оташ кашонданд. Ин нафарон бо ҷалби зархаридони хориҷӣ барои анҷом додани амалҳио террористӣ ва бо ин роҳ фишор овардани ҳукумати мамлакат санаи 17 майи соли 2022 шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон бастанд ва бояд қайд кард, ки ин ифротиҳои фурӯхташуда дар солҳои қаблӣ кишварро ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашонда буданд. Имруз онҳо бори дигар нақша доранд барои дигарбора такрор кардани ҳодисаҳои ҳавлнок ва роҳандозӣ намудани ҳаракатҳои даҳшатафконӣ ва террористӣ ҳамон рӯзҳоро бори дигар такрор намоянд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин нафарони барои мардуми тоҷик бегона бо маӯзҳӯӣ кардани ҷавонони гумроҳу бесаводи Бадахшон амалҳои нропоки хешро бори дигар такрор кунанд. Мо ба мардуми маърифатдӯст ва огоҳи Бадахшод муроҷиат карда гуфтанием, ки ба дасисаҳои ин бегонагон дода нашаванд ва нагузоранд, ки кишвар ба майдони ҷангу хунрезӣ табдил ёбад. Бақадри ваҳдату оромӣ бояд расид. Мо, ки як бор фиреби ин хоинони миллатро хӯрдаем, дигар набояд ба дасисаҳо дода шавем. Агар имрӯз бозичаи дасти дигарон гардем сарнавишти хешро ба хориҷиҳо вогузор намоем, пагоҳ ҳастии мо зери суол қарор хоҳад гирифт. Кирдорҳои нохалафонаи ин муздорон барқасдона, ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шуда, ин ҷинояткорон ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи супоридани силоҳу лавозимоти ҳарби итоат намекунанд ва қоннунҳои нонавиштаи хешро доранд. Яке аз қонунҳои онҳо муқовимати мусаллаҳона ва куштору зулми одамон мебошад.

Кайхусрав Каримов устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ