Бад макун, ки бад афтӣ, Чоҳ макан, ки худ афтӣ.
Бадкорону бадхохон ба мисли Мамадбоқир Мамадбоқиров ва ҳаммаслаконашро роху равиши ростробояд омухт ва аз бадиҳо дур гардонд, ки дар корхои неку савоб даст зананд. Зеро онхо худ аз худ бахри дигар гаштани хулку атвори худ намекушанд. Барои инсони комил шудани кас бояд хамеша дустону наздикони хуб пайдо кунад, бо кадом рохе, ки набошад, ононро ба росткорй хидоят кунанд ва аз вартаи бад бирахонанд ин аст вазифаи инсони комил. Вале Мамадбоқир Мамадбоқиров инро дарк намекунад ва аз ҳамаи гуноҳҳои содир кардааш саркашӣ мекнад. Ба ҷои он ки тавба кунаду ба роҳи рост равад. Хушбахтона чуноне, ки мегӯянд “давидани гӯсола то каҳдон” дастгир шудани Шеров Манучеҳр далели ҳамин гуфтаҳост. Замин доирашакл аст “кӯҳ бо кӯҳ барнамехӯраду одам ба одам вомехӯрад”. Оҳиста оҳиста ҳамаи бадкориҳои Мамадбоқир Мамадбоқирову ҳаммаслакошаш фош шуда истодаанд.Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст”. Пас чаро инро дидаву дониста Мамадбоқиров барин инсонҳо дар сарзамини Тоҷикистон зиндагӣ карда маҳалгароимекунанд. Воқеаҳое, ки дар ҳудуди ВМКБ вобаста ба корнамоиҳои Мамадбоқир Мамадбоқиров рух доданд ин амали пасти инсонгароиро нишон медиҳад. Сӯйистифода аз ин амалҳо хоинони миллат моро ба ҳамагон бадном намуда нишон дода истодаанд. Мо бояд нисбати ингуна афродони палиду дилсиёҳ мубориза барем ва нагузорем, ки ақидаи ифродии онҳо ҷамъияти ободу осоиштаи моро фарогир бошад. Мо ҳамеҳа бояд бар зиддин гуна афрод мубориза барем ва бетараф набошем. Зеро ояндаи ободи Тоҷикистон дар дасти мост.
Биоишаи Назар