​Ба мо сулҳ лозим аст

Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми Тоҷикистони тозаистиқлол сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумияти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош варзанд, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевосита гузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи дониш таъкид бар он карданд, ки “... рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд. Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад”.

Бо итминонои комил метавон гуфт, ки Сулҳу Ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзиши муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳанд монд.

Дар ҳақиқат санаи 27-уми июни соли 1997 рӯзи тантанаи мақсади наҷиби Пешвои миллат дар роҳи душвори барқарор намудани сулҳ дар кишвар, амалӣ шудани ваъдаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дода буданд, ба ҳисоб меравад.

Дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон орзуи миллати кӯҳантаърихи тоҷик бо калимаҳои СУЛҲ ва ВАҲДАТ таҷассум ёфта, онҳо бори дигар тинати сулҳпарварузаковати баланди халқи тоҷикро нишон доданд. Бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ Тоҷикистон давраи мураккабу пурихтилофи таърихи навини худро паси сар намуд.

Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории Тоҷикистон сарчашмаи боэътимоди якдилӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат гардид. «Дастоварди бузургтарини мо, - гуфтаанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, -натанҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳанд овард, таъмини сулҳу оштии миллӣ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст».

Ба хотир овардани як далел зарур аст ваинрӯйдоди таърихро фаромӯш намекунем. Ибтидои солҳои навадуми қарни ХХ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ҳатто, имконияти баргузор кардани иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон вуҷуд надошт ва лозим омад, ки он дар Хуҷанди бостонӣ барпо карда шавад.

Дар иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон басиёсат ворид шудани ҷавони ҳамагӣ чиҳилсола, Раиси вақти кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти онвақтаи Кӯлоб, имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек буд. Дар суханронии нахустинашон, баъди интихоб шуданашон ба ин мансаби баланд ва пурмасъулият, аз минбари иҷлосияи сарнавиштсоз эълом доштанд, ки “... ман ба шумо сулҳ меоварам”.

Мо, журналистон, аз ҷараёни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза иттилоъ доштем ва чун тамоми мардуми сулҳхоҳи Тоҷикистон, умед бар он мебастем, ки ниҳоят бесарусомониҳо дар кишвар басанда мешаванд ва ба Тоҷикистон сулҳ қадам мегузорад. Шоҳиди зиндаем, ки то расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣСардори давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар кору амалҳои бузургро анҷом доданд, ҷонашонро зери хатар монда, бо манотиқи ҷангзада рафтанд, бо роҳбарияти мухолифин мулоқоту музокироти бешумор ба анҷом расонданд.

Азму талош ва ҷонбозиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи хуб доданд ва офтоби пурбаракоти сулҳу ваҳдат барои тоҷикистониён чун неъмати худовандӣ ато гардид. Сулҳу субот, оромӣ, ваҳдати воқеии миллати тоҷик ва тоҷикистониён шаҳодат аз он медиҳанд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин асосгузори фарҳанги нав, фарҳанги ҳамзистӣ буда, тоҷикони кишвар ва тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам оварданд.

Зикр карданро бамаврид мешуморам, ки дар таъмини сулҳу осоиши кишварамон нақши Иҷлосияи таърихӣ барҷаста арзёбӣ мегардад. Ин иҷлосия ҳамчун ҷаласаи тақдирсоз дар таърихи кишвар ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кисанаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри «Арбоб»-и хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидҳоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд (алҳол Бобоҷон Ғафуров) ба кори худ шурӯъ намуд, ба мисли чароғе буд, ки оянда ба хуршед табдил ёфт.

Ҳангоми баргузории машғулиятҳои амалӣ бо донишҷӯёни бахши журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳз мавзӯъҳои сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагии диёри тоҷикон, шукргузор будан аз соҳибдавлатӣ, нагаравидани ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризму экстремизм ва ғайра баррасӣ карда мешаванд. Воқеан, соли таҳсили 2024-2025 дар гурӯҳҳои 408 ва 508-уми бахши номбурда аз фанни “Услубшиносӣ ва таҳрири матни журналистӣ” машғулият гузаронида истодаам. Толибилмон ҳангоми иҷрои супориши омӯзгор ва омода кардани ин ё он матни журналистӣ, ки аз ҷумла ба мавзӯъҳои болозикр пешниҳод мешаванд, фаъолона ширкат варзида, баробари навиштани мавод ва таҳрири матн, ки бевосита дарсии вазифаи онҳост,ба мавзӯи интихобшуда ҳам мароқ зоҳир мекунанд ва сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва шомил нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъро мавриди баҳс қарор медиҳанд.

Баробари таҳрири матни журналистӣ ва ислоҳи ғалатҳое, ки муаллифон - донишҷӯён дар маводашон роҳ медиҳанд, дар бораи аҳаммияти сулҳу ваҳдат, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳӣ, шукргузорӣ аз замони орому осоишта, муҳайё будани шароити мусоид барои таълим, фирефта нашудани онҳо ба ҳар гуна ваъдаҳои неруҳои беруна таваққуф намуда, иброз медорам, ки донишҷӯён бояд дар ҳама ҷабҳа намунабошанд, бо баҳои хубу аъло хонанд, интизоми намунавиро соҳиб шуда, дар оянда чун кадрҳои соҳибмаълумот ба халқу Ватани хеш хизмат кунанд.

Маҳз ба шарофати барқарор шудани сулҳу Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз шуд, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт. Барқарор шудани сулҳу суббот имконият фароҳам овард, ки татбиқи барномаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоӣ бо ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини итиқлолияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ оғоз ёбанд.

Саршавии марҳалаи воқеии таҳкими Истиқлоли давлати Тоҷикистон эътироф гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон беҳикмат нест ва дар иртибот ба пайванди ин ду рӯйдоди нодири таърихи навини Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд, ки «Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо мебошад, ки ҳамдигарро неруи тозава тақвият мебахшад».

Дар хусуси аҳаммияти таърихии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сухан гуфта, ҳаминро таъкид кардан мехоҳам, ки ба шарофати сулҳу Ваҳдат ҷумҳурии азизамон ба марҳалаи нави зиндагӣ - давраи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошт. Ба андешаи банда, Созишномаи мазкур дар қатори Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ дорад.

Имрӯз аз он ифтихор дорем, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар интиҳои қарни ХХ беназир аст. Таҷрибаи таърихии раванди сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣва давлатҳои алоҳида мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор дода шудаанд. Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат номида, бархурдорӣ ва огаҳӣ аз ин рўйдоди босаодатро рукни муассир дар таъмини Ваҳдати миллӣ барои аксари давлатҳои ҷангзадаи дунё арзёбӣ кардаанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол узви бештар аз 70 созмонибонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, ба ифтихори Роҳбари кишвари тоҷикон дар пойтахти даҳҳо мамолики пешрафтаи ҷаҳон борҳо Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шудааст.

Мақоми қонунгузори кишвар аз номи халқи Тоҷикистончанд сол муқаддам расман эътироф намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни фаъолияти сиёсиашон ба ҳайси Сардори давлат тавассути талошҳои пайгирона барои таъмини амнияту якпорчагии кишвар, сулҳу салоҳ ва хидматҳои беназир дар ҷодаи фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ дар қалби мардум ҳамчун Пешвои миллат маъво гирифтанд.

Пешвои миллат баландтарин мақом маҳсуб мешавад, ки миллат ба эҳёгари давлати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, фарзанди далеру ҷасур ва хирадмандаш, киба арсаи сиёсӣ дар лаҳзаҳои душвортарини давлати тозаистиқлоламон ба ҷасорат, дилу нияти пок ворид гардиданд ва чун як фарзанди сарсупурдаи миллат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонистанд, мардуми аз ҷанги таҳмилӣ азияткашидаи тоҷикро сарҷамъ намоянд, хавфи парокандагии халқу аз байн рафтани давлати ҷавонро пешгирӣ кунанд, баъди ҳазор соли аз пароканда шудани давлати Сомониён давлати миллии тоҷиконро эҳё намоянд, халқи кӯхантаърихи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли онро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ бинмоянд.

Имрӯз Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва рукнҳои давлатдориамонро боз ҳам таҳким бахшид.

Ин неъмати безавол, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон воқеан нақши сарнавиштсоз гузоштанд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили таҳкими дӯстӣ, рафоқат ва ҳамдилии тамоми сокинони минтақаҳои мухталифи кишвар ба ҳисоб мераванд. Бо шарофати тақвияти рукнҳои муҳимтарини ваҳдати миллӣ ва омилҳои ваҳдатофарин ва таҳкимбахши суботу сулҳ дар мамлакат имрӯз дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёт бемайлон ҷараён дорад.

Барқарор шудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон ба Ҳукумати мамлакат имконият дод, ки татбиқи Барномаи иқтисодии мамлакатро густариш диҳад. Рушди устувор ва мунтазами иҷтимоию иқтисодии кишвар тӯли 33 соли даврони Истиқлоли давлатӣ тавассути роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила таъмин гардид.

Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем.

Ҳамасола якуми сентябр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарси сулҳ баргузор карда мешавад, ки он беҳуда нест. Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад.

Ҳарчанд дарси Сулҳу Ваҳдати Пешвои муаззами миллатро омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ тамошо мекунанд, хулоса мебаронанд, устодон дар машғулиятҳои минбаъда аз суханрониҳои Ҷаноби Олӣ иқтибос меоранд, ба андешаи банда, Дарси сулҳ барои кулли ҷомеа аст.

Аз хурд то бузург, аз талабаи мактаб то ашхоси калонсол ба қадри сулҳ, оромӣ, осоиштагӣ, ваҳдати миллӣ бирасем ва барои пойдории онҳо ҳарчи аз дастамон меояд, ба иҷро расонем. Насли имрӯз, аз ҷумла донишҷӯёнро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, дӯст доштани Ватани хеш тарбия намоем, ба онҳо талқин кунем, ки кишварамонро, бо ибораи Пешвои муаззами миллат, ба ғайр аз худамон, касе обод намекунад.

Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, бояд дар ҷабҳаҳои мухталиф кору фаъолият бурда, ҷиҳати таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ва ободу сарсабз гардонидани он ҳарчи қадар метавонем, саҳм бигирем.

Карим ШАРИФ, сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ