​Ба қадри тинҷиву оромӣ бояд расид!

Мутаассифона имрӯзҳо бархе аз мардуми зудбовару кӯтоҳандеши шаҳри Хоруғ даст ба тазоҳурот зада, мехоҳанд сулҳу суботи мамлакатро халалдор намоянд. Онҳо шояд бехабар аз он ҳастанд, ки ин амали онҳо ғайриқонунӣ буда, метавонад фазои тинҷиву оромии имрӯзаро аз байн барад. Илова бар ин, имрӯзҳо шумораи ашхосе, ки дар хориҷа умр ба сар мебаранду мехоҳанд ба фазои сиёсии мамлакатамон таъсири манфӣ расонанд, рӯ ба афзоиш ниҳода, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ ва паҳн намудани идеологияи ифротї пеш аз ҳама аз ҷавонони камсаводу бехабар аз моҳияти аслии дини ислом истифода мебаранд.Ин гуна гурӯҳҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои худ аз ҳар гуна роҳу воситаҳо истифода мекунанд. Ҳодисаҳои имрӯза дар Хоруғ нишон медиҳанд, ки ба тазоҳурот баромадани қисми муайяни сокинони ин шаҳр кори гурӯҳҳое мебошанд, ки мехоҳанд бо истифода аз тазоҳуротчиён ба мақсади худ бирасанд. Онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд ба афкори умум дар Тоҷикистон таъсир расонанд ва ҳамагонро бовар кунонанд, ки гӯё мо имрӯз дар вазнитарин шароит зиндагӣ мекунем. Аммо онҳо фаромӯш мекунанд, ки бузургтарин дастоварди мо – ба даст овардани сулҳ ва суботи Тоҷикистон аст. Зеро имрӯз бидину таъмини сулҳ ва суботи мамлакат мо наметавонем устуворона ба сӯи ояндаи дурахшони ватанамон қадам занем, шарту шароити зиндагии мардуми меҳнатдӯсту бафарҳанги кишварамонро баланд бардорем, равандҳои демократиро вусъат бахшем, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шарҳвандро кафолат диҳем ва пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳимро таъмин намоем.

Аз ин лиҳоз, мо итминон дорем, ки имрӯз аксарияти сокинони мамлакат ба қадри ин қадар ободиву дастовардҳои беназир дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мерасанд ва барои боз ҳам пешрафту гулгулшукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Маврид ба зикр аст, ки аксарияти мардуми ВМКБ низ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини сулҳу суботи мамлакатамон нақши муассир доранд. Ба сокинони шаҳри Хоруғ, ки имрӯз даст ба тазоҳурот зада истодаанд гуфтанӣ ҳастем, ки фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нашаванд ва амнияти худ, наздикон ва давлату миллатро зери хатар нагузоранд.

Камолиддини Раҷабзод!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ