​Ба ҳизби хонасӯз ниёз надорем

Давлатдории тоҷикон дар анҷоми садаи бистум бо ба майдоноии як қаторҳои ҳизбҳои сиёсӣ оғоз гардидаву ҳар як ҳизб мутобиқ ба барномаву дурнамои худ, дар ташаккул ва рушди давлати тозабунёд барои нақше гузоштан кӯшиш бинмудааст. Вале дар радифи ҳизбҳое, ки ниҳодашон аз созандагиву бунёдкорист, ҳизби наҳзати ислом худро чун шағоли посӯхта ба майдони сиёсат бо сӯзонидану куштор, ваҳшонияту хиёнат, таҷовуз ба номусу одамрабоӣ ворид намуда, дар хидмати хоҷагони худ чунон айёрона фаъолият менамуд, ки гӯё дар дунё аз онҳо дида, диндоре набошад. Худро аз аҳли ислом мехонду бар қасди гуфтаҳои динӣ амал менамуд. Тоҷикон, ки аз қадимулайём аз ҳамдиливу ягонагӣ сухан мекарданду пайваста ба ободии ин мулк кӯшиш менамуданд ва замоне, ки ба давлатсозӣ расиданд ба наҳзатиён низ эътимод доштанд, ки ин мардум аз аҳли динанду ба ободии кишвару озодии мардум нафъе меоранд, вале ҳайҳот, ки ниҳоде, ки сӯзандааст – месӯзонаду шахси хиёнаткор – хиёнат мекунад....

Ин амалҳои разилонаи наҳзатиёнро хуб омӯхтаву санҷида Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи худ аз соли 2015 инҷониб фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом ҳамчун ҳизби ифротгаро, экстремистӣ эълон шуда, фаъолияташро қатъ қарда намудааст. Сароғоз аз он вақт наҳзатиён худро ба ҳар кӯй заданду дар лагандбардории хоҷагони худ, аз хориҷ нишаста, чунон “булбул” шудаанд, ки ҳайрати кас меояд, ба андозаи мӯре маълумотеро дарёфт мекунанду чун филе вонамуд карда, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузаронду он қадар суханбозӣ мекунанд, ки ҳад надорад.... дар мамлакат низоми диктаториву халқро азият кашида эълон мекунанд... Ҳатто лаҳзаҳоест, ки худ халқ гиребон мегазад, ки ин қадар нафрат дар ин нохалафон аз куҷову ин сарзаминро бо ин қадар ободӣ ва ин халқро бо ин тарзи озодӣ ки карду ин носипосон чиҳо мегуянд? Суоле ба миён меояд, ки бо кадом ҳуқуқу ҷуръат онҳо вазъияти Тоҷикистонро баррасӣ намуда, онро низоми диктаторӣ меноманд? (алалхусус тариқи шабакаҳои хориҷӣ).... ва ин қадар саволҳои печ дар печу «чаро?» -ҳои зиёдро ба хотири чию кӣ пешниҳод менамоянд. Оё ин ашхос ба саволҳои худ то ҳол ҷавоб наёфтаанд? Ё донистан намехоҳанд?

Агар низоми диктаторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд бошад ҲНИ тўли 20 сол чӣ гуна фаъолияташро озодона ба роҳ монд? Шумораи масоҷиду мадорис чӣ хел зиёд шуд?, Хонаҳои боҳашамату мошинҳои гаронбаҳои хориҷиро аз кадом ҳисоб хариданд?....

Шояд аъзоёни «мўҳтарам»-и ҲНИ аз сиёҳкуниву тўхматзаниҳои беҳуда даст кашида аз вазъияти сиёсии давлатҳои Украинаву Афғонистону Сурия, Ливияву Ироқ дарси ибрат мегиранд ва аз халалдор сохтани вазъи сиёсиву бероҳа кардани ҷавонон истиҳола мекунанд. Ҳама рӯза тариқи шабакаҳои телевизиониву иҷтимоӣ бесарусомониҳои зиёдеро дар ин ё он мамолики дунё мебинему шукри ободиву осоиштагии кишвари азиз ва шукри ваҳдату ягонагӣ мекунем, вале ин нохалафон бо фаъолияти ҳамарӯзаи худ ҳар чи бештар мехоҳанд, ки нафареро гумроҳ намоянду ҳисоботи бардурӯғи худро ба “хоҷагон”-и худ манзур кунанд. Вале халқ дирӯза нест!!!!.....

Халқи бофарҳангу таҳаммулпазири тоҷик, ки борҳо аз имтиҳонҳои сахти таърих сарбаландона гузаштааст, ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри ХХ фаромўш хеҷ гоҳ фаромўш намекунад.

Ҳуқуку озодиҳои шаҳрвандон, масоили рушди иқтисод, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ дар Тоҷикистон имрўз роҳи ҳалли худро комилан ёфтааст ва ба дахолати ягон давлат ва ё «хоҷаҳо»-и бегона ниёз надорад. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, алалхусус ҷавонон, ки табиатан сулҳхоҳу сулҳдўсту сулҳофаранд, аз рух додани чунин ҳодисаҳо хулосаҳои зарурӣ бароварда, барои доғ наовардан ба миллату модар кўшиш менамоянд, чунки барои ин ҳамаи шароиту имконият: Ватани ободу озод, табиати биҳиштосо, Сарвари оқилу доно, адабиёти бою фарҳангу тамаддуни инсонгароёнаро соҳибӣ доранд.

Шарифзода М., ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ