Аз таърихи фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистии байналмилалӣ дар замони муосир

Дар замони муосир терроризм ва экстремизм барои аҳли башар ба зуҳуроти хатарнок табдил ёфтааст, ки он ба ҷомеаи мо низ бетаъсир нест. Дар мақолаи мазкур мо хостем оид ба зуҳури терроризм ва экстремизм дар замони муосир ва хатарҳои он ба тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлатро баррасӣ намуда бошем.

Экстремизм аз калимаи лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш канораҷӯӣ, ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Эктремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳуроти номатлуб метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, дар дин, сиёсат, идеология, илм, фарҳанг ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар тафсири Кодекси ҷиноятии ҶТ шарҳи мақсадҳои терроризм чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист”.

Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Аз нигоҳи паҳноиву фарогирӣ терроризм ба шаклҳои зерин тақсим мешавад: байналхалқӣ, дохилидавлатӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динӣ.

Эктремизм ва терроризмро дар ҷаҳони муосир бештар бо дин ва аламовар дар он аст, ки ташкилотҳои террористиву экстремистие, ки дар Шарқи мусулмонӣ амал менамоянд, бо дини Ислом алоқаманд менамоянд. Бояд гуфт, ки экстремизми динӣ бо пайдоиши аввалин динҳои башарӣ пайдо шудааст. Аз динҳои ҷаҳонии имрӯза – Ислом, Насрония, Буддоия, дар гузашта равияҳо ҷудо шуда буданд, ки он ҳамчун равияи эктремистӣ ҳисобида мешуд. Масалан, дар асрҳои миёна аз дини Ислом мазҳаби Исмоилия ҷудо шуда, ҳатто тарафдорони он дар кӯҳи Аламут давлати худро таъсис намуда, бар зидди амалдорони давлатҳои он вақта амалҳои террористиву экстремистӣ мебурданд. Аз ҷумла, вазири бузурги Салҷуқиён – Хоҷа Низомулмулк дар натиҷаи сӯиқасди фидоии исмоилӣ ба ҳалокат расонида шуда буд. Исмоилиён ҳатто хизматгорони дарбории Салҷуқиён ва дигар сулолаҳои он давраро махфӣ ба худ ҷалб менамуданд, ки ин сулолаҳо ҳамеша аз фидоиёни ҷосуси онҳо дар хатар буданд.

Дар асрҳои IX-XI мутафаккирони бузурги тоҷик ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Берунӣ, Розӣ ва дигарон, ки бо эҷодиёт ва фаъолияти худ барои рушду нумӯъи ҷамъият хизматҳои бебаҳо намудаанд, таҳти тӯҳмату бадгӯиҳои мутаассибон ва бо фитнаи онҳо дучори таъқибу фишори давлатдорони ҳурофотпараст қарор гирифта буданд.

Дини насронӣ низ аз ибтидо то имрӯз дар натиҷаи ихтилофҳои дохилӣ ба чандин ҷараёнҳо тақсим шудааст, ки дар гузашта ҳар яки онҳо ғояҳои ҳамдигарро ҳамчун ифротӣ баҳо медоданд. Чунончӣ, дар ибтидои асри XVI аз калисои католикии дини насронӣ ҷараёнҳои протестантӣ (лютеранӣ, калвинистӣ, англиканӣ) ҷудо гардидааст.

Мутаассифона, калисои католикӣ дар асрҳои миёна бо мақсади мубориза бар зидди мулҳидон суди инквизитсионӣ таъсис намуда буд, ки дар асари фаъолияти он як қатор олимони барҷастаи Аврупо дучори азият гардида буданд.

Дар баробари гуфтаҳои боло мо набояд, ки терроризму экстремизмро бо дини мубини Ислом алоқаманд намоем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Гузашта аз ин, ки имрӯз дар миёни ҷаҳони Ислом ва Ғарб садде аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад, мутаассифона, дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифротгароӣ хоси табиати Ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусалмон, ки аз Уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯи инсофу адолат нест. Дини мубини Ислом, чун ҳама динҳои дигар, инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳама гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо Ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини Ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад».

Терроризми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир дар шаклҳои терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ, терроризми этникӣ-миллатгароӣ ва терроризми динӣ ба амал меояд. Дар замони муосир тамоили то як андоза маҳдуд шудани терроризми иҷтимоӣ-этникӣ ва афзудани терроризми этникию миллатгароӣ ва динӣ ба назар мерасад. Ҷуғрофияи паҳншавии созмонҳои террористӣ бисёр васеъ аст: Аврупо, Осиё, Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Африқо ва ғайра.

Агар падидаҳои терроризму экстримизмро дар давраи навтарини таърих баррасӣ намоем, он бисёртар дар Аврупо бо шакли амалиётҳо ва муборизаи имрӯзааш ташаккул ёфтааст. Масалан, ташкилоти Артиши ҷумҳуриявии Ирландия дар натиҷаи муборизаи Ирландия бо Британияи Кабир барои мустақилият (солҳои 1916-1922) ташаккул ёфтааст. Ташкилоти мазкур баъд аз эътироф гардидани мустақилияти Ирландия аз тарафи Британияи Кабир дар соли 1922, ки баъд аз он Ирландияи Шимолӣ дар ҳайати Британияи Кабир боқи монд, бо ин ҳолат розӣ нашуда, бар зидди ҳарбиёни британӣ чандин амалиёти террористӣ гузаронидааст. Масалан, 8 ноябри соли 1987 дар шаҳри Эннискиллени Ирландияи Шимолӣ ҳангоми маросими поси хотири сарбозони ҳалокшудаи Британияи Кабир таркиш рух дод, ки он аз тарафи қаноти муваққатии Артиши ҷумҳуриявии Ирландия амалӣ гардидааст. Дар натиҷаи таркиш 11 нафар, аз ҷумла 10 нафар аз мардуми осоишта, пеш аз ҳама нафақахӯрон ва як нафар полис ба ҳалокат расиданд. Барои ҳамин ҳам то солҳои 90-уми асри гузашта ин ниҳод аз тарафи ҳукумати Британияи Кабир ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф шуда буд. Артиши ҷумҳуриявии Ирландия пеш аз ҳама байни аҳолии католики Ирландияи Шимолӣ дастгири дошта, амалиётҳои он инчунин бар зидди протестантон, ки тарафдори боқӣ мондани Ирландияи Шимолӣ дар ҳайати Британияи Кабир мебошанд, равона шуда буд.

Дар Испания давоми солҳои 1959-2018 ТТЭ ЭТА (кишвари Баскҳо ва озодӣ) амал мекард. Ташкилоти мазкур барои мустақилияти кишвари баскҳо, ҳудудҳои сукунати баскҳо, ки қисмати шимолии Испания ва ҷанубу ғарбии Фаронса ба ҳисоб меравад, баромад менамуд. Дар солҳои 60-70-уми асри XX амалиётҳои террористие, ки аъзоёни ин ташкилот бар зидди амалдорон ва жандармҳо дар Испания мегузарониданд, ба худ хусусияти системанокӣ касб намуда буд. 20 декабри соли 1973 автомобили сарвазири Испания Луис Кареро Бланко аз тарафи аъзоёни ТТЭ ЭТА тарконида мешавад, ки дар натиҷаи он сарвазир ба ҳалокат мерасад.

Дар солҳои 70-80-уми асри гузашта дар Италия ТТЭ “Бригадаҳои сурх” амал мекард. Аъзоёни ТТЭ “Бригадаҳои сурх” дар назди худ мақсади бо роҳи муборизаи мусаллаҳона таъсис намудани давлати инқилобиро гузошта буданд. 16 марти соли 1978 собиқ сарвазири Италия Алдо Моро, ки раиси ҳизби насронӣ-демократиро бар ӯҳда дошт, аз тарафи аъзоёни ТТЭ “Бригадаҳои сурх” рабуда мешавад. Барои рабудани Алдо Моро беш аз 60 нафар аъзоёни ТТЭ “Бригадаҳои сурх”, ки аз тамоми ҳудуди Италия омада буданд, иштирок кардаанд. Дар вақти рабудани Алдо Моро дар натиҷаи тирпарронии тарафайн 5 нафар муҳофизони ӯ ба ҳалокат мерасанд. Кофтуковҳои Алдо Моро натиҷа намедиҳанд ва танҳо 9 майи соли 1978 ҷасади ў аз дохили автомобил, дар яке аз кўчаҳои Рим дарёфт мегардад. Террористон баъд аз он ки талабҳои онҳо оид ба аз маҳбас озод намудани якчанд роҳбаронашон қонеъ намегардад, Алдо Мороро ба қатл расониданд.

2 августи соли 1980 дар вокзали Балония таркиш ба амал бароварда мешавад, ки дар натиҷаи он 85 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 200 нафар захмдор мегарданд. Амали террористии мазкур дар таърихи Италия аз ҳама акти террористии калонтарин ҳисобида мешавад. Тафтишот нишон дод, ки ин амали террористиро ТТЭ “Бригадаҳои сурх” ташкил намудааст.

Дар солҳои 2000-ум дар ВАО зуд-зуд оид ба амалҳои террористӣ азҷониби “террористони худкуш” маълумот медоданд, ки террористон бо маводи тарканда дар ҷойҳое, ки издиҳоми одамон ҷамъ мешуданд, рафта, худро метаркониданд. Ин амали онҳо боиси ба ҳалокат расидани худи террорист ва ҳам шумораи зиёди мардуми осоишта мегардид. Чунин террористони худкушро “камикадзе” меномиданд. Савол ба миён меояд, ки вожаи “камикадзе” аз куҷо пайдо шудааст? Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ҷопони милитаристӣ дар уқёнуси Ором бар зидди ИМА ба ҷанг даромада буд. Ронандаҳои тайёраҳои ҷангии Ҷопон тайёраашонро ба базаҳои ҳарбӣ ва киштиҳои ИМА бурда мезаданд, ки дар натиҷа сарнишини тайёра низ ба ҳалокат мерасид. Чунин ашхосро ба забони ҷопонӣ камикадзе меномиданд. Гарчанде худкушӣ дар дини мубини Ислом маҳкум карда шудааст, лекин бархе террористон, ки амали худро бо Ислом алоқаманд менамоянд, бо ин восита амалҳои террористӣ бурдаанд.

Аз дасти террористони Сикх 31 октябри соли 1984 сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ ба ҳалокат расидааст. Ӯро 2 нафар муҳофизонаш, ки худ сикх буданд, ба қатл расонидаанд. Дигар сарвазири Ҳиндустон Раҷив Гандӣ 21 майи соли 1991 аз тарафи аъзоёни гурӯҳи террористии “Созмони озодибахши Тимил Илама” ба ҳалокат расонида шудааст. Аз тарафи террористи худкуши ташкилоти мазкур 1 майи соли 1993 президенти Шри-Ланка Ринасингх Премадас кушта шудааст. Ба қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд 9 сентябри соли 2001 ҳангоми додани интервю ба рӯзноманигорон, ки дар асл террорист буданду маводи таркандаро дар видеокамера руст карда буданд, сӯиқасд карда мешавад. Дар натиҷаи таркиши маводи тарканда Аҳмадшоҳи Масъуд сахт ярадор гардида, 10 сентябри соли 2001 вафот кардааст. Дар ҷаҳони имрӯза созмонҳои террористии гуногун, аз қабили “Абу-Нидал”, “Абу-Сайёф” ва “Аум синрике” (Ҷопон), Хамос (Фаластин), “Ал-Қоида”, “Артиши озодихоҳии миллӣ” (Колумбия), “Толибон” (Афғонистон), “Боко ҳарам”, “Ҷабҳат-ан-Нусраи аҳли Шом” (Сурия), “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Лашкари Тайба” (Покистон), “Гурӯҳи салафии таблиғ ва ҷиҳод” (Алҷазоир), “Ал-ихвон ал-муслимин” (Миср), “Ал-Ҳарамайн” (Арабистони Саудӣ) ва ғ. амал менамоянд. Яке аз ташкилотҳои дар солҳои охир таъсис ёфта, ин “Давлати исломии Ироқ ва Шом” мебошад, ки аз соли 2013 ба фаъолият шурӯъ намуда, аз соли 2014 дар натиҷаи гузаронидани ҳуҷумҳои густурда қисми ҳудудҳои Ироқ ва Шомро ишғол менамояд. Чӣ тавре ки собиқ вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Милибэнд изҳор намудааст, сабаби асосии таъсисёбии ТТЭ ДОИШ ҳуҷуми ИМА ва иттифоқчиёнаш ба Ироқ мебошад. Дар ҳақиқат ҷомеаи Ироқ, ки дар давраи ҳукмронии Садам Ҳусейн дар амн зиндагӣ мекарданд, баъд аз ишғол гардидан аз ҷониби ИМА вазъияти кишвар ноором ва фаъолияти ТТЭ вусъат ёфт. Мардуми Ироқ низ амрикоиҳоро ҳамчун забткорон қабул намуданд. Бояд қайд намуд, ки бо ишғол намудани Ироқ амрикоиҳо низомиёни собиқ артиши Ироқро аз сафи қувваҳои мусаллаҳи ин давлат хориҷ намуданд. Низомиёни Ироқ, ки бекор монданд, ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ пайвастанд, ки яке аз сабабҳои муваффақиятҳои ДОИШ дар Ироқу Сурия аз иштироки онҳо дар ҷанг гардид.

Яке аз ғояҳои асосии ташкилотҳои террористиву экстремистии замони имрӯза, ки фаъолияти худро бо Ислом алоқаманд мекунанд, таъсиси хилофат мебошад. Аз ҷумла ДОИШ мақсад дошт, ки хилофатро аз нав барқарор намояд. Лекин дар замони муосир садҳо халқҳоро, ки ҳудуди сукунаташон млн.-ҳо км2-ро фаро мегирад, дар асоси умумияти динӣ муттаҳид намудан ғайриимкон аст. Мисоли оддӣ, ҳудуди Британияи Кабир 242500 км2-ро дар бар мегирад, ки имрӯз аз он шотландиҳо, гарчанде садсолаҳо бо англисҳо дар ҳайати як давлат қарор доранд, мехоҳанд баромада, давлати мустақил таъсис диҳанд. Ҳол он ки ҳудуде, ки ТТЭ ба монанди ДОИШ мехоҳад муттаҳид намояд млн.-ҳо км2-ро дар бар гирифта, худи миллатҳои дар замони имрӯза дар ин ҳудуд сукунат дошта зидди чунин амалҳои ифротӣ мебошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки терроризму экстремизми замони муосир бо роҳҳо ва воситаҳои муборизаи ташаккулёфтааш дар Аврупо шакл гирифта, дар 40 соли охир маркази фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба Шарқ, минтақаи ноамн кӯчидааст.

Дар тули солҳои истиқлолияти давлатӣ бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ фаъолияти 22 ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии шаҳрвандон як қатор чорабиниҳо амалӣ гардонида шуданд. Аз ҷумла соли 2009 таҷлил гардидани соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки пешвои мазҳаби ҳанафӣ мебошад, тарҷума гардидани Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, мақоми давлатӣ касб намудани Донишкадаи исломӣ (соли 1997), ба фаъолият оғоз намудани Маркази исломшиносӣ ва ғайра аз чунин иқдомҳост. Ин иқдомҳои Ҳукумати кишварро метавон ҳамчун доштани ҳусни таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои динӣ, таъмини озодии виҷдон ва ба таври солим густариш ёфтани муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ арёбӣ намуд.

Бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор шудани конференсияи бонуфузи байналмилалии “Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ” бо иштироки намояндагони қариб 30 кишвари ҷаҳон бори дигар шаҳодат медиҳад, ки кишвари мо дар самти мубориза бар зидди ифротгароии динӣ дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут нест, балки бо мавқеи ҷиддӣ ва устувор хосторӣ ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои мӯътабари байналмилалӣ мебошад.

Дар Паёми табрикии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони ин ҳамоиши байналмилалӣ таъкид шуд, ки “Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надорад, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист”.

Ҳамин тариқ, терроризм ва экстремизм падидае мебошад, ба тартиботи ҷамъиятӣ, суботу амнияти давлат хатар эъҷод намуда, тамоми давлатҳои ҷаҳон бояд дар мубориза ба ин падидаҳои номатлуб муносибати якранг дошта бошанд ва ҳамкориро дар самти пешгирии ин падида мустаҳкам намоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан ҷавонони ноогоҳ ва роҳгумзада шомил мегарданд, аз ин лиҳоз яке аз роҳҳои пурамари пешгирии гаравидани ҷавонон баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа мебошад.

Ҷабборзода Иброҳим н.и.т., дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқ,

Ҳусенов Фаррух, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ