АЗ ТАЪРИХ ТО ИСТИҚЛОЛ: ЭҲЁИ ХОТИРАИ АБАРМАРДОНИ ТОҶИК

Давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон замони эҳёи таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Зеро шукуҳу шаҳомати таърихӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, анъанаҳои таърихӣ ва хоса гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ ба тақвияти худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ замина гузошта, барои вусъат ва таҳкими ватандӯстӣ ва меҳанпарастиро беш аз пеш рушд медиҳад.

Барои иҷрои ин рисолати таърихӣ ташаббускорӣ ва пешоҳангӣ омили муҳим ба ҳисоб рафта, он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтикорот ба амал оварда ва тарҳрезии он гузошта мешавад. Бешак Сарвари давлат дар баробари ҳамаи ибтикороти худ шахсиятҳои таърихӣ, абармардони ҳизбию давлатӣ, ходимони ҷамъиятиву фарҳангӣ, намояндагони барҷастаи илмиро дар мадди назар қарор дода, барои гиромидошти хотираи онҳо, арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи онҳо, ибратомӯзӣ аз кору пайкори шахсиятҳои маъруфро омили якдилӣ, таҳкими худшиносӣ ва меҳанпарастӣ медонанд.

Дар солҳои 20-30-юми асри ХХ дар таърихи муосири халқи тоҷик таҳаввулотҳои нав ба вуҷуд омада, масъалви марзбандии минтақаи Осиёи Марказӣ пайдо гардид. Дар ин лаҳзаи ҳассос ва тақдирсоз, ки будан ё набудани миллати тоҷик дар ин минтақа ва таъсис додани давлати тоҷикон ба дасти бегонагон ҳаллу фасл мешуд, фарзандони сарсупоридаи миллат ба майдон баромада, барои манфиатҳои халқу миллати тоҷик, соҳибӣ намудан ба мероси таърихӣ талош мекарданд ва ба шахсияту гурӯҳҳо ва масъулин исбот менамуданд, ки тоҷикон яке аз халқиятҳои бумии минтақа ба ҳисоб мераванд. Дар радифи ин гуна афрод Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад, Садриддин Айнӣ, Аббос Алиев, Чинор Имом ва дигарон бо амал, кору пайкор ва қалам манфиатҳои миллии тоҷиконро дифоъ менамуданд. Марзбандии қаламрави Осиёи Марказӣ 14-уми октябри соли 1924 ба охир расида, КИМ ҲКИШ бо қарори худ лоиҳаи тақсимбандиро тасдиқ намуд. Тоҷикистон дар ин марзбандии яктарафа ҳалшуда ҳамчун ҷумҳурии мухтор таъсис дода шуда, Комисариати халқии мамлакат ҳамчун органи иҷроияи марказӣ таъсис дода шуд. Аввалин роҳбари сиёсии Тоҷикистон Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) сарвари Комиссариати халқӣ интихоб шуд. Аз рӯзҳои аввал ӯ барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон фаъолият бурда, эълон намуд, ки дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ-забони давлатию коргузорӣ эълон карда шавад. Ин қабил тасмимгириҳо ба роҳбарияти олии кишварҳои Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шуравӣ маъқул наафтод ва ба гирдоби таъқиботи сталинӣ кашида шуда, соли 1937 моҳи ноябр бо қарори суди репрессионӣ кушта мешавад.

Шириншоҳ Шоҳтемур низ аз чунин нафарони ҳизбию давлвтӣ ба ҳисоб рафта, барои таъсиси Ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштааст.

Нисор Муҳаммад низ яке аз шахсиятҳои маъруфи илмию фарҳангии ибтидои асри ХХ буда, баъди таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва ҶШС Тоҷикистон барои инкишофи маорифу илм дар ҷумҳурӣ фаъолияти пурмасъул дорад. Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад низ ба ҷурми миллатгароӣ аз ҷониби тақиботи сталинӣ соли 1937 моҳи октябр ва ноябр кушта мешавад.

Баъди вафоти Иосиф Сталин аз соли 1953 то соли 1957 айбномаҳои (дело) чанд нафар кушташудагон бозхонд мешавад ва ҷурми кардаи онҳо сафед карда шуда, айбномаи онҳо барканор карда мешаванд.

Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору пайкор, хизматҳои шоёни онҳо шоистаи таҳсин ҳисобида шуда, ба баландтарин унвони олии мамлакат қадрдонӣ карда мешаванд. Дар таърихи 27-уми июни соли 2006 ба Нустарулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуда, онҳо ба радифи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ворид гардиданд.

Санаи 19-уми майи соли равон бо ташаббус ва ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабри се нафар абармардони арсаи сиёсат ва ҷамъият – Нустатулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад хок оварда шуда, ба оромгоҳи Луччоб гузошта шуд.

Ин амал аз як тараф ба дили ҳар як нафари меҳанпараст ва хештаншинос ифтихору бедориро ба вуҷуд оварда бошад, аз ҷиҳати дигар руҳу равони онҳо осуда мегардад. Зеро хоки охирати онҳо бо хоки Ватан пайваст.

Дар хулоса метавон гуфт, ки ин амали Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкиму тақвияти худшиносӣ ва тарбия намудани насли наврас мусоидат менамояд. Бинобар ин ба андешаи “Бузургонро бузургон зинда медоранд, Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд” ҳамрайъу амалкарди Сарвари маҳбуби кишварамон ба ҳисоб меравад.

Латифӣ Гулсара,

номзади илмҳои таърих, дотсент, декани факултети

таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ