Аз амали нопок, рафтори нопок бархезад
Истиқлолияти сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ пойдевори ҳастии ҳар як миллат аст. Рӯ овардан ба сулҳу осоиштагӣ нишони садоқат ба арзишҳои созандагӣ аст, ки дар арсаи таърих аз беҳтаринҳо муаррифӣ мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар давраи хеле кутоҳ тавонист худро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуда дар байни созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ташаббусҳои худ мақому манзалати зиёди сиёсиро пайдо намудааст. Дар ҳамин замина маҳз таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун таҷрибаи нодир ва муассири истиқрори сулҳ эътироф гардида, ҷиҳати фурӯ нишондани низоъҳо ва даргириҳо дар минтақа ва кишварҳои ҷангзада мавриди истифода қарор гирифтааст. Бояд зикр намуд, ки бидуни арзишҳои волои милливу башарӣ ҳеҷ халқе, ҳеҷ минтақае наметавонад дар роҳи оромиву осудагӣ қадам занад. Лек ин падидаҳо барои бархе аз хоинони миллат, ки ба монанди ТТЭ ҲНИ мебошанд. Ин хоинони миллат барои анҷом додани амалҳои разилонаи худ бо ҳар роҳу, усул ва фиребу найрангҳои худ дар хориҷи мамлакат истода тухми низоро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ анҷом дода истодааст.Суоле ба миён меояд, барои чӣ?. Мехоҳанд нуфузи Ҷумҳурии
Тоҷикистонро дар байни ҳамсоякишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ паст намоянд. Лек ин ҳама заҳмату талошҳои пайвастаи мардуми Тоҷикистон, ки таҳти сарварии роҳбарияти олии кишвар давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ мамлакати харобазору валангорро ба диёри сарсабзу обод, осудаҳолу рӯ ба рушд мубаддал сохтаро на ҳар мард дида метавонад. Худ қазоват кунед, барои эътидоли вазъият ва таъмини сулҳу субот роҳбарияти олии кишвар ба мухолифини наҳзатӣ чӣ гузаштҳое кард ва аз онони ифротӣ чӣ дид!? Нафароне, ки чун аъзои мухолифин бо лимити 30 фоиза соҳиби мансабу вазифа шуданд, аксаран бесаводу бадахлоқ буданд, ки мансабро чун манбаи даромади муфту айшу сафо шумориданд. Ин нафарони, ки соҳиби вазифа буданд, барои Ватани худ чӣ хизмати шоиста карданд? Барои онҳо эҳтироми хоҷаи бегонапарастӣ, сарсониву парешонӣ ҷазои муносиб аст, ки то ҳанӯз дарк накардаанд!? Барои мардуми бо ору номус, ватандӯсту одил, оқилу заҳматкаши Тоҷикистон. Ҳамватанони азизу тамаддунофари даъват менамоям, ки дар заминаи ғояҳои инсондӯстонаи роҳбарияти олии кишвар якдилу яктан бошем ва якҷоя нерӯи ақлию ҷисмонии худро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо сарф намоем.
Дунё Азизӣ