​Ҷавонони зидди хурофот ва бегонапарастӣ

«Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеаи мо ба сўи пешрафтҳои навин қадам мегузорад ва низомҳои тозатарин ба идоракуни ҷаҳони муосир ворид мешаванд, масъалаи ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун насли ояндасоз ва соҳиби минбаъдаи ин пешрафтҳои ҷаҳони муосир дар меҳвари сиёсати куллии давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор дорад.

Ба истиқлолятимиллӣ расидан барои Тоҷикистон яке аз рўйдодҳои нодири таърихӣ ба шумор меравад, ки баро таҳким ва густариши тамоми соҳаҳоигуногуни хоҷагии халқи кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Орзуву ормони мардуми тоҷик тўли таърих маҳз ба он нигаронида шуда буд, ки ба озодӣ ва истиқлололияти комил бирасад ва фитрати азалии худро, ки фарҳангофариву хирадгароӣ ба шумор меравад, барои насли минбаъда ба мерос гузорад. Боиси хушбахтист, ки бо хиради азалӣ халқи тоҷик тавонист ба ҳамин орзуитаърихии худ бирасад. Ҳарчанд солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба мушкилоти фаровони сиёсиву иктисодӣ рў ба рў гардида, ҷанги шаҳрвандӣ хатари нобудии миллатро ба миён овард, аммо баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қалбҳои саршори ноумедии сокинони мамлакат умеду орзуҳои фаровоне ато намуд. Ба мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикмстон бо раъйи намояндагони халқ баргузида шудани фарзанди фарзона ва ватандўсти миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон абрҳои тираву ғубори ноумедиро аз осмони кишвари азизи мо ба дур андохт. Хосатан, дар эҳёи дубораи давлати тоҷикон- Тоҷикистониазиз хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург ва назаррас мебошад. Пешвои миллат ҳамчун фарзанди асил ва сарсупурдаи миллаттоҷик дар бунёди давлати комилан ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявӣ нақши таърихӣ гузоштанд. Хидматҳои шоистаи ин фарзанди ватандўст ва диловари тоҷик буд, ки имрўзТоҷикистони азизи моро дар миқёси ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷаҳониён, хосатан созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд.

Тавре таъкид гардид, киистиқлоли миллии мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар пайи таҳкими истиқлоли миллӣ, ки аз бештар аз 31 сол сипарӣ мешавад, чӣ миқдор ҷонбозиву талош ва кўшишҳои хастагинопазири фарзандони сарсупурдаи миллат қарор гирифтааст, ки дар саргаҳи онҳо ғоя ва ормонҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин лиҳоз арҷу эҳтироми ва ҳифзи ин неъмати бузург ва беҳтарин рисолати азалӣ ва аввалиндараҷаи ҳар яки мо, хосатан ҷавононмаҳсуб мешавад.Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон мардуми тоҷик бо рўҳи шикстнопазир ба кулли душманони худ мубориза бурда, миллияту фарҳанги куҳани худро ҳифз намуд, то наслҳои баъдина аз таърих ва фарҳанги наҷибу беназири худ дур нагардад. Хосатан, ҷавонон рў ба арзишхои миллӣ оварда, ғояву афкори ниёкони хешро барои ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон истифода намоянд. Мо ҷавонон, шоҳиди он ҳастем, ки аз аввалин рўзҳои ба мақоми сарвари Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои миллат сиёсати давлатии ҷавонон дар куллии сиёсати давлат қарор гирифта меояд. Ҳатто яке аз аввалин қонунҳое, ки дар ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ба шумор меравад. Дар заминаи татбиқи қонуни мазкур дар кишвари мо муҳимтарин ташаббусҳо барои дастгирии ҷавонон амалӣ шуда истодааст, китаъсиси Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ бароиолимони ҷавон, стипендияҳои президентӣ барои хонандагони мактабҳои миёна ва “Дурахшандагон” барои таҳсил дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ ва амсоли ин мебошанд.

Дар канори маҷмўи чунин ташаббусҳои наҷиби давлатии ба дастгирии ҷавонон равонашуда эҳсос мешавад, ки солҳои охир мавзўи баҳси шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ ва террористӣ дар ҷомеа сархати ахбори расонаҳои хабарӣ гардидааст ва аксаран дар ҷаласаҷои сатҳи баланди созмонҳои байналмилалӣ аз вазъияти ногувор ва афзоиши шомилшавии афроди бесавод ва гумроҳ изҳори нигаронӣ карда мешавад.

Андешидан перомуни ҳаёти имрўза ва ояндаи ҷавонон ба назари мо рисолати ҳар як тоҷику тоҷикситонӣ аст. Мо бояд бештар аз пештар ба ин мавзўимуҳим таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Дар ин маврид оварданигуфтори яке аз донишмандони Юнониро мувофиқи матлаб медонем: «Агар кафшдўзҳо кафши бесифат дўзанд, аз ин давлат зарар намебинад. Вале ба тарбия насли нав ашхоси бесавод ва бетараф иштиғол варзанд, ин теша бар решаи давлат мебошад». Агар мо ба тарбияи насли нави имрўз бетараф бошем ва нисбат ба сарнавишти ояндаи давлату миллат наандешем, натиҷаҳо манфӣ ба бор хоҳад овард. Аз ин рў лозим медонем, ки дар тарбияи дурусти ҷавонон мусоидат намуда, барои ояндаи дурахшони онҳо дар партави суханрониҳои Пешвои миллат ҳамеша тадбирҳои муҳимро пиёда созем.

Сорбони Холиддин, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ