​Ҷавонон зидди маводи мухаддир

То он даме, ки инсон дар ҳаёт аст, кӯшиш мекунад ба некӣ зиндагӣ карда, аз бади дурӣ меҷўяд. Аммо ба мафҳумҳои «хуб» ва «бад» одамон таърифҳои гуногун медиҳанд. Зиндагӣ бо меҳрубонӣ зебост. Аммо баъзан некиро бадӣ фаро мегирад. Нашъамандӣ, ки "вабои аср" номида шудааст қотилест, ки ҳаёти осоиштаи инсонро барбод дода, рўҳашро мутеъ месозад. Нашъамандӣ аслиҳае мебошад, ки он шахсро ба доми худ кашида, ба дунёи кайфу сафо мебарад ва дар ин вақт инсон мавқеъи худро дар ҷомеа гум карда, кори кардаашро дарк намекунад.

Зеро маводи мухаддир моддаи психоактивии хавфнок мебошад, ки истеъмоли он қобилияти солиман қабул кардани ҳодисаю воқеият, солим фикр кардан ва қарорҳои дуруст қабул кардани ҳар як шахсро ба куллӣ тағйир медиҳад. Истеъмоли маводи мухаддир хатари гирифторшавӣ ба сактаи дил, заҳролудшавӣ, сирояти бемориҳои ниҳоят хавфнок ва осеби майнаи сарро ба вуҷуд меорад. Мувофиқи тадқиқоти мутахассисони соҳа ду намуди нашъамандӣ-ҷисмонӣ ва равонӣ вуҷуд дорад. Ҷисмонӣ — ин одат кардан ба маводи мухаддир ва оқибат пайдо шудани аломатҳои шикасти ҷисм, яъне дарди ҷонкоҳ аст, ки бе набудани миқдори ин маводи сахттаъсир сӯзиши устухонҳо ва дарди сахти сар ба вуҷуд меояд. Нашъамандии рӯҳонӣ баъди моҳҳо ё солҳо инсонро боз ба истеъмоли ин маводи сахттаъсир маҷбур месозад. Яъне он нашъамандии психологиест, ки дар сатҳи фикр, эҳсосот ва рафтор пайдо мешавад.

Ҳамарӯза дар кураи замин он ҷиноятҳое, ки ба нашъа алоқаманданд, тақдири ҳазорҳоро вайрон ва умри садҳо ҷавонону миёнасолонро кӯтоҳ мекунанд. Тариқи агентиҳо ва шабакаҳои итилоотӣ мебинему мешунавем ва шоҳиди он мегардем, ки ин мавод на барои кайфият, балки заҳри қотилест барои нобуд сохтани инсоният.

Оқибатҳои бемории нашъамандӣ ҳам ба худи шахси истеъмолкунанда, яъне нашъаманд ва ҳам ба атрофиёни ӯ, аҳлу оила ва ҷомеа зарари худро метавонад расонад. Гузашта аз ин зарар ба насли ояндаи ӯ, носолим таваллудёбии тифл, тағйирёбии ҳолати ҷисмонӣ ё ин ки ҳолати рӯҳии фарзандонашон ҳангоми истеъмоли маводи нашъаовар боис мегардад. Инчунин аз тадқиқоти олимон бармеояд, ки дар насли ояндаи шахси нашъаманд моил ба дучори бемории нашъамандӣ гирифтор шудан хавф дорад.

Ба кӯчаи нашъамандӣ ворид шудан барои одамон бо роҳҳои гуногун сурат мегирад: дар ҳоле,ки баъзеҳо ба сери шӯхӣ кунанд, дигарон ба доми фиреб афтода, қурбони ӯ мешавад. Шахсоне, ки ба ин кор даст мезананд махсусан,ҷавонон ба ин гирдоби марг меафтанд. Сабаби асосии ба нашъаманди ҷалб шудани ҷавонон муҳити оила вабе аҳамиятии волидони мебошад. Вақтҳои холии худро бекор гузаронидани ҷавонон,фарзанди худро аз ҳад зиёд ситоиш карданиволидон ва дар тарбияи онҳо беаҳамияти кардани падару модар ё шахсӣ ба тарбияи фарзанд машғул буда, ба оқибатҳое,ки дар боло зикр намудем оварда мерасонад. Тибқи маълумотҳоимутахассисон, синнусоли миёнаи ба нашъамандӣ гирифтор шуда аз 16 то 35-сола ташкил додааксарияташон аз оилаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта мебошанд.

Ба дунё оварданинасли солим, ба воя расидани он, дар ҷамият доштани мавқеи худ пеш аз ҳама ба сардори оила вобаста аст. Дар ин маврид падару модарони мехрубон масъулияти калон доранд. Пас, барои пешгирии нашъамандӣ, ки онро «вабои аср» меноманд, на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ балки ҳар як шахс масъул мебошад.

Дар тамоми манотиқӣ дунё 1-уми май рӯзи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ ҷашн гирифта мешавад. ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ яқ қатор нақша чорабиниҳо тартиб додааст. Дар муаасисаҳои давлатӣ дар дарсҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ оид ба мубориза бар муқобили нашъамандӣ маърӯзаҳо ва барномаҳои илмӣ фарҳангӣ гузаронида шуда мешавад, ки барои пешгири кардани гирифторшавии ҷавононро ба нашъамандӣ мусоидат менамояд. Инчунин мақсади пешгирӣ ва огоҳӣ аз ин беморӣ дар байни аҳолӣ, гузаронидани тарзиҳаёти солим дар ҷамият аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамасола маҷлису семинарҳо бахшида ба “Нашъамандӣ ва оқибатҳои он” гузаронида шуда истодааст,кибарои пешгирӣ намудани ин офат мусоидат мекунад.

Давлатзода Абдуалӣ, Холиқов Лухмониҳаким, Омӯзгорони кафедраи зоология ва

физиологияи одаму ҳайвоноти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ