​Ҷавонон набояд фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгаро гарданд

Мусаллам аст, ки таъмини сулҳу суботи ҷомеа шарти зарурии рушди устувори ҳамаҷонибаи ҳар як кишвари ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ танҳо баъди хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва тасвиби “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” заминаҳои муҳим барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим гузошта шуданд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати ободкор, созанда ва ташаббускор мешиносанд ва таҷрибаи сулҳи онро мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор додаанд. Сиёсати дуруст ва ояндабинонаи роҳбарияти кишвар буд, ки мо тавонистем аз вазъияти душвори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бароем ва роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёдро пеш гирем. Дар натиҷа, имрӯз Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои беназир ноил гардида, шарту шароити зиндагии мардум ба маротиб боло рафт. Аммо, мутаассифона, айни замон бархе аз ашхоси нопок ба қадри ин қадар ободиву созандагӣ нарасида майли вайрон сохтани фазои сулҳу оромии кишвари азизамонро доранд, ки боиси нигаронист. Гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз далелҳои бардурӯғ мехоҳанд таваҷҷӯҳи оламиёнро ба масъалаҳои бофтаи худ ҷалб намоянд ва ба ин васила ба мақсадҳои ғаразнокашон бирасанд. Мо наметавонем ба ин масъала бетараф бошем, зеро бетарафии мо метавонад боиси нотинҷу ором гардидани сарзамини аҷдодиамон гардад.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси кишварро мебояд, ки эҳтиёт бошанд, ба сафи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро шомил нашаванд, зеро ки дар ин сурат ҳаёти худ, наздикон ва умуман ҷомеаро зери хатар мемонанд. Дар ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ибрози ақида намуда буданд: “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.

Боиси зикр аст, ки воқеан мақсад ва ҳадафҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созанда буда, тамоми ҷидду ҷаҳди он баҳри таъмини сулҳу суботи ҷомеаи ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз, бо боварии том гуфта метавонем, ки мардуми шариф ва соҳибфарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз гуруҳҳои ифротгарову тафриқаандозро дастгирӣ нахоҳанд кард ва пешрафту ободонии сарзамини аљдодиро ҳадафи асосии худ қарор хоҳанд дод…

Камолиддини Раљабзод!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ