​АТТЕСТАТСИЯ – ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ВА ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҷаласаи комиссияи аттестатсионии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Агентӣ Саидзода Муҳаммадтоир Саид ва ҳайати корӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ ва шахсони масъул доир гардида, ба арзёбӣ ва такмили фаъолияти муассиса равона карда шуд.

Ҷаласаро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва таъкид дошт, ки раванди аттестатсия омили муҳим дар таҳкими сифати таълим, рушди илм ва баланд бардоштани нуфузи Донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Ӯ изҳор намуд, ки ҳамкориҳои судманд бо ниҳодҳои назоратӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф мусоидат менамоянд.

Сипас директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид ба сухан баромада, натиҷаҳои ибтидоии таҳлили фаъолияти донишгоҳро муаррифӣ намуд. Ӯ ба дастовардҳои муҳимми муассиса дар самти таълим, илм ва инноватсия, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ ишора карда, ҳамзамон баъзе масъалаҳои мавҷударо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти минбаъда зикр кард. Ҳамчунин, андешаҳои нахустини ҳайати корӣ оид ба ҷараёни аттестатсия ва самтҳои афзалиятноки рушд баён гардиданд.

Дар идома суҳбати озод бо устодону кормандон баргузор шуда, иштирокчиён андешаҳои худро доир ба беҳтар намудани сифати таълим, рушди инфрасохтори илмӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Донишгоҳ иброз доштанд. Ҳайати роҳбарият ва устодон изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои аттестатсия ба рушди минбаъдаи муассиса такони ҷиддӣ мебахшад. Зикр гардид, ки татбиқи тавсияҳои пешниҳодшуда метавонад барои боло бурдани сатҳи омодасозии мутахассисон ва мутобиқсозии барномаҳо ба талаботи замон мусоидат намояд.

Дар фарҷом ректори Донишгоҳ ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба намояндагони Агентӣ барои ҳамкории судманд ва дастгирии рушди соҳаи маориф изҳори сипос кард. Ӯ таъкид намуд, ки роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандон барои иҷрои тавсияҳои пешниҳодшуда ва таъмини рушди устувори Донишгоҳ тамоми имкониятҳоро сафарбар менамоянд. Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ, муовинон, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳои факултет, муовинони онҳо ва мудирони кафедраҳо фаъолона иштирок доштанд.

Маркзаи иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ