​Ҷашни Сада дар маҳфили “Баҳористон”

Маҳфили навбатии илмии донишҷӯён бо номи “Баҳористон”, ки бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик амал мекунад, ба ҷашни Сада бахшида шуд.

Мудири кафедра, дотсент Мавлонова Мутрибахон маҳфилро ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиён дар бораи рафти маҳфил ва мақсади баргузории он маълумот дод.

Роҳбари маҳфил, дотсент Мирсаидов Баҳром дар бораи ҷашни Сада ва таърихи он суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Сада як қисми муҳими мероси фарҳангии мардуми тҷоик буда, таҷлили ин ҷашн ба эҳёи анъанаҳои гузашта ва эҳтироми суннатҳои миллӣ кӯмак мекунад.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯён маърӯзаҳо шунида шуд.

Таъкид рафт, ки Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон аст. Ин ҷашн дар гузашта ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр) ва оғози омодагӣ ба киштукори баҳорӣ таҷлил мешуд.

Дар охири маҳфил суолу ҷавоб байни иштирокчиён ҷараён гирифта, аҳамияти ҷашни Сада дар адабиёт ва фарҳанги миллӣ баррасӣ шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ