Ҳашари ободонӣ дар “Хуррамзамин”: таҳкими корҳои ободонӣ дар донишгоҳ

Дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва беҳдошти муҳити зист дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Хуррамзамин”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳашари ободонӣ доир гардид. Ин иқдом ҷиҳати татбиқи сиёсати ободонӣ ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ шуд.
Ҳадафи аслии ин тадбир, ки дар он беш аз 150 нафар устодон, кормандон ва донишҷӯёни 18 факултет иштирок карданд, тоза кардани муҳити табиӣ, беҳтар намудани шароити таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ унвон мешавад.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом муҳимияти чунин ташаббусро барои таъмини беҳбудии муҳити зист ва атроф таъкид намуда, афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи ободонӣ аҳамияти калон медиҳанд.
Гуфта шуд, ки сиёсати ободонӣ ва бунёдкории Роҳбари олии мамлакат на танҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум, балки барои ҳифзи табиат ва рушди устувори кишвар равона шудааст. Ин амал ба ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, имкон медиҳад, ки ба муҳити зист эҳтиром гузоранд ва дар тозагӣ ва ободонӣ ҳиссаи худро гузоранд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар доираи ҳашари мазкур 6 гектар замин ва боғу токзор тоза шуда, ин ташаббус то фаро расидани ҷашни Наврӯз давом хоҳад кард.
Маркази иттилоот ва таҳлил