АРТИШИ МИЛЛӢ - КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА СУБОТИ КИШВАР
Бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳ таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ собиқадори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ашӯр Ҷамолов ва иштирокчии ҷанги интернатсионалӣ, подполковник Салом Сангинов таъсисёбии Артиши миллиро дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳимму беназир унвон намуданд. Ҳамзамон, гиромидошти хотираи шаҳидон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои низомиён омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон арзёбӣ гардид.
Инчунин, байни иштирокдорон доир ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва тарбияи насли ҷавон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба боло бурдани руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил