Ҳаргиз ба мақсад намерасед беақлон

Воқеаву рӯйдодҳои рӯзҳои охир, ки дар Германиярух дода истодаанд,ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Зеро ин воқеа баҳонае шуд барои хоинони миллат роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи-24” дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроте, ки дарГермания шуда истодааст, тамоми мардумробарои тазоҳурот даъват карда истодааст. Ин беинсофону хоинон ҳамеша аз паи амалҳои номатлуби худ ҳастанд ва фурсатро ғанимат дониста бо гапҳои бофтаву сохтакориҳо ҳамаро ба иғво андохта истодаанд. Гирдиҳамоиҳо басарусомониҳо ин ҳама сохтакорианд. Хоинони миллат мардумро бо роҳи фиреб ба эътироз бароварданд. Инро кормандани ҳифзи ҳуқуқ исбот карданд.

Банда ба онҳое, ки 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон дар гирдиҳамои иштиок карданду ба ин номатлубиҳо ҳамроҳ ҳастанд муроҷиат намуда гуфтани ҳастам, ки “ҳоймардум ба худ оед ба касу нокасон бовар накунед”. Мохудамон чанде пеш аз ҷанги шаҳрванди берун омадем ва соҳибистиқлолу муттаҳид гаштем. Нагузоред, ки бадхоҳони миллат ба мақсад бирасанд. Дар он даме, ки вазъият безеб буд ба ҷои оромиро нигоҳ доштан, онҳо моро ба ҳамагон ҳангома кардан овозаю дарвозаро баланд карданд.Вале хоинону ходимони ҷангҷӯй моро ҳангома карданд. Ба қавле ба болои сӯхта намакоб рехтанд. Шумо берун аз кишвар ҳастед, намедонед, ки мо дар кишвари биҳиштосо зиндагӣ мекунем, мулкамон ободу озоду ором аст. Мо хушбахтарин миллати рӯи ҷаҳон ҳастем. Мутаъсифона Шумо онро дидан намехоҳед, зеро Шумо КУРНАМАК ҳастед. Ҳайфи Шумо, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасед ва ҳаргиз нахоҳед расид. Зеро мо муттаҳиду сарҷамъ ҳастем ва ВАТАНИ азизамонро дуст медорем.Магар Шумо фикр намекунед, ки якруз баъди маргатон тобуди Шумо ба зери хоки зодгоҳатон меояд, беақлони курнамак!

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ