Ҳаракатҳои ғайриқонунии ТЭТ ҲНИ

Солҳои охир дар ҷаҳони муосир терроризму экстремизм ба яке аз масъалаҳои умда ва доғи рӯз ба ҳисоб меравад, ки дар ин замина, аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ ниҳодаро ба ташвиш овардааст.

Ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии “ТЭТ ҲНИ”, “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Гурӯҳи 24”, “Ҳизби таҳрир”, “Салафия”, “Ансоруллоҳ” ва амсоли инҳо аз зумраи ташкилотҳои экстремистиву террористие ба ҳисоб меравад, ки имрӯз ҷомеа ва ҷавонони моро на аз дохил, балки аз хориҷи кишвар истода, гумроҳ ва ба доми худ кашида истодааст.

Чунончи рӯзҳои охир барномаҳои онлайнӣ ва мустақими сершумори ин гурӯҳҳои хиётнаткор ҷавонони моро миёншикан ва ба роҳи ҷинояту хиёнат бурда истодааст, ки дар иртибот бо ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо мо бояд эҳтиёткор бошем. Ба ҷавони имрӯзи кишвар, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар дохили мамлакат зиндагӣ ва кору фаъолият мебаранд, бояд бидонем, ки ворид шудан ба барномаҳо, пайгириву дастгирии андешаҳои палидонаву муғризона ва гузоштани лайк низ худ ҷиноят аст. Пас бояд ба даъвати онҳо ва барномаҳои фаҳшу ҳадафи нооромкунандаи кишвари тозаистиқлол дода нашуда, посухҳои радкунандаи устувор дод.

Агар ба ҳар сӯҳбат, барнома ва андешаи онҳо дар барномаҳои мустақими ифротиён тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ: “Минбари муҳоҷир”, “Садои мардум”, “Ҳақ ва ботил”, “Парандаҳои муҳоҷир” назар кунем ба ғайр аз ғайбату туҳмат, дурӯғу сохтакориҳо, тарсу ваҳм андохтан, доду фиғони беасос ва муносибати аз доираи инсонгароӣ берун, ки мақбули урфу одат ва фарҳанги мардуми тоҷик нест, бешубҳа мушоҳида мегардад.

Онҳо як аудиторияи худро ташкил кардаанд, ки пинҳонкорона барои лайк ба маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ даст зада, худро “Муҳофизи Ватан” метарошанд вале, дар асл бо мардумфиребӣ аз пайи нақшаи амалии хориҷиён ва ҳадафҳои нопоки худ ҳастанд.

Аз мардуми тоҷик, хоса ҷавонони бонангу номуси Ватан, ки дар Тоҷикистон ва ё хориҷи кишвар аст, даъват ба амал меорем, ки ба ин гурӯҳҳо, ғояҳои нопок, андешаи заҳролудшуда ва амалҳои ифротгароёна шомил ва напазиранд. Мо соҳиби як Ватанем, ки номаш Тоҷикистон аст. Ҳифзи он аз ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсиятҳои бо фитнаву дурӯғ омехташуда, ба оромиву сулҳу субот ва муқаддасоти он таъсири мусбӣ мерасонад. Ҳамеша дар ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди босуботи он талошҳои пайваста намоем.

Бобоҷони Хайриддин

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ