Ҳар як порчаи хоки ватан муқаддас аст

Чанде пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз нооромӣ ба вуҷуд омадааст, ки сабаби нигаронии аҳолии осоишта гардида, таваҷҷӯҳи оммаро ба худ ҷалб намудааст. Ин нооромӣ имрӯз ҳиссиёти ҳар як фарди ватандӯсту ватнхоҳро бедор намуда, барои ҳимояи марзу бум ва ватани аҷдодӣ Тоҷикистони азизу мӯътабар равона менамояд.

Аслан ҷанг фаъолияти нодурусти инсон ба шумор меравад, вале барои ҳимояи Ватан, Модар, Миллат, Халқ мо тоҷикон ҷони худро дареғ намедорем. Боиси нигаронии дигар ин аст, ки халқи кӯчманчӣ ки дар асри гузашта ҳамчун муздур ва даҳмарда ба ин минтақа омада буданд имрӯз даъвогар ҳастанд ва минтақаи мазкурро аз худ медонад.

Шиори имрӯзаи мо ин аст: То як то тоҷик зинда аст Тоҷикистон зинда аст! Барои ҳамин ҳам мо ҳаргиз ягон зарра ва порчаи Ватани азизамонро намегузорем, ки душманони халқу миллат аз он худ намояд ва то зинда ҳастем барои ҳимоя намудани марзу бум, сулҳу салоҳ, дустиву рафоқат мубориза мебарем.

Ҳар як порчаи Ватан барои халқу миллати тоҷик муқаддас аст. Аз ин ру ҳимояи он низ барои халқу миллат муқаддас мебошад ва намезузорем, ки ин муқаддасот аз ҷониби чи душманҳои дохилӣ ва чи душманҳои хориҷӣ газанде расад.

Миллати тоҷик ҳаққи даъворо дорад, чунки қаламрави аҷдодиамон аст, вале миллати қирғиз талаб карда наметавонад. Сабаб дар он аст, ки минтақаи баҳсталаби имрӯза дар ибтидо из они миллати мо ба шумор рафта, барои онҳо амонат дода шуда буд.

Омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Аюбов Ҳ.М, Бегматов М.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ