Ҷаҳолат ва хурофот -сарчашмаи терроризм

Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо терроризм ва экстремизм чун вабои аср дар саросари олами муосир реша давонда, фазои орому осоишта ва пешрафту тараққиёти ҷомеаи ҷаҳониро дарпешорӯихатар қарор додааст.Дар робита ба маҳву пешгирии чунин даҳшати оламгир мардуми сулҳофарину созанда ва ваҳдатгарову тараққипарвари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаи бемон бурда,ҳамзамон амалҳои нангину нафратзои хоинони Ватан ва душманони миллатро, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии диниву экстремистӣ шомил гашта, ба амнияту ободӣ ва равнақу шукуфоии Ватани азизамон кӯрнамакӣ зоҳир менамоянд, сахт маҳкум менамояд.
Тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон бобати ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, кидарамалҳои террористии кишварҳои офатзадаи Сурияву Ироқ ва Афғонистонҷоҳилона роҳ ёфта, сидқан пушаймон гаштаанд,аз сиёсати оқилонаву инсонпарваронаиПешвои муаззами миллат гувоҳӣ дода, дар навбати худ, ҷиддан ҳар нафар шаҳрвандони кишварамонро ба шукргузории амнияту осоиштагӣ ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон ҳидоят менамояд.
Воқеият собит менамояд, ки дар ангезаи амалҳои ифротӣ инсонро таассуб ва ҷаҳолат раҳнамоӣ дошта, хурофот ва гуногунфаҳмии маъвизаву фармудаҳои дини мубини ислом сарчашмагузорӣ менамояд. Ва дар ҳақиқат, решаю аломатҳои пайдошавии ифротгароӣ ва ба истилоҳ экстремизми динӣ-мазҳабӣ, қабл аз ҳама, дар бемаърифативукамсаводӣ, зудбовариву сустиродагӣзоҳир мегардад. Бинобарсатҳӣ омӯхтан ва ё дуруст дарк накардани моҳияти ахлоқиву тарбиявии қиссаву андарзҳо ва оятҳои қуръонӣ наврасону ҷавонон ба хурофоту таассубот ва ифротгароӣ гироиш менамоянд. Сахт гирифтории ағлаби ҷавонон ба суннати ришмониву ҳиҷобпӯшӣ, канораҷӯйии онҳо аз аз оини муқаддас ва мубораки ниёгон - ҷашнҳои Садаву Меҳргон ва Наврӯз, ҷиддан водоркунии аъзоёни оила ба таомули намозхониву рӯзагирӣ, баҳсҳои ноҷоҷиҳати даврзании навхонадорон гирди оташ, ҳаргуна намозхониву ҳаргуна либоспӯшӣ ва аз ин бадтар ба дину мазҳабҳои бегона гироиш намудани онҳо, аз ҷумла ба масеҳият, шоҳидони Яҳво ва амсоли инҳо далолат ба гуфтаҳои болоӣ меварзанд.
Имрӯз ҳодисаҳои мудҳише, ки дар рушду такомули пешрафту тараққиёти сохтори давлатдории ҷомеаи ҷахонӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро чашмрас аст, ки ин ҳам бошад боиси бар асари ваҳшиёна ба қатл расонидани ҳазорҳо кӯдакони поку бегуноҳ, таълимдиҳандагони муассисаҳои таълимӣ, таркишҳои мудҳиш дар масҷидҳою бозорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ баҳри ҷиҳод гуфта ба ҷони чандин афроди ҷомеаи бегуноҳ, ки яке ба кор рафтаю дигаре ба таълиму тадрис, дигаре ба харид омадаю дигаре аз кор равон аст, инхо хама ифодагари камоли бехирадиву нокасӣ, ношукри ба нону намаки дастурхон ва обу хоки ачдодии як катор исломтарошони беимону баддил аст. Оё ин аст асолати мусулмонӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда боиси миллионҳо хисороти молию ҳазорҳо хисороти ҷонӣ гаштааст. Тавре, ки Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ гуфта буд:
Ҳар, ки рафтори беадаб дорад,
Баҳра кай аз ҷадду насаб дорад.
Ин падидаҳои ногусастанӣ шояд дар Ҷумҳурии мо воқеан чашмрас набошад, аммо амалҳои ифротгароёнаи экстремистии наҳзатҳои исломии мамолики хориҷ дар тарбияи ахлоқии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Ба андешаи мо мусулмони ҳақиқӣ шахсест, ки аз амалҳои хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва ғайридинӣ даст кашида, барои ободии давлат бо ҳисси баланди ватандустӣ оид ба беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ амал намуда тинҷию оромиши ҷомеаро мехоҳад.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари раводиди мусбату муътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ-маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурӯҳҳо таъсири муайян расонданд.
Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имомхатибон аз минбарҳои масоҷид, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст.
Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли ҷомеаро бетараф намегузорад. Зиёиёни эҷодкор бошанд, баъзе уламои динро ба бегонапарастӣ, арабгароӣ, бесаводӣ, чаласаводӣ, хурофоту таассуб, маъвизаҳои бемантиқ, бе рабту низом, лаҳни тунду таҳқиромез ва зиддидавлатию зиддимиллӣ айбдор менамоянд. Дар айни замон баъзе уламои дин зиёиён, рӯзноманигоронро ба динситезӣ гунаҳкор медонанд.
Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.
Бо ин дарназардошт, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умимиву асосии ҷумҳурӣбо пешниҳод ва дастгирии Пешвои муаззами миллат омӯзиши фанни таърихи динроҳандозӣ гардида, китоби муқаддаси дини мубини ислом - Қуръони маҷид борҳо бо забони тоҷикӣ тарҷимаву интишор ва ройгон дар байни аҳолии диёрамон паҳн гардидааст. Дар ин раванд ҳамзамон фарҳанг ва касбу ҳунарҳои миллиамон муттасил тарғибу ташвиқ гардида, расму анъана ва оинҳои милламон густариш меёбанд.
Дар ин маврид бояд тазаккур дод, ки таъсири муҳити оила низ ҷиҳати гироишиҳои диниву мазҳабии наврасону ҷавонон нақши муҳим бозида, баландбардории маърифати динии волидон низ шарти муҳим маҳсуб меёбад. Аз назорат дур мондани фарзандон, вазъи носолими муносибатҳои оилавӣ, эркаву инҷиқ тарбия ёфтани фарзандон, бархурдор набудани наврасону ҷавонон аз фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, тамошои наворҳои бешармонаву манзараҳои ваҳшиёна, тамошои фиттаҳои тарғибкунандаи фарҳанг ва оини бегона аз қабили омилҳои мусоидаткунандаи зуҳуротҳои номатлуби рӯз мебошад.
Дар муассисаҳои таълимии кишварбо ин мақсад ҳамкории мактабу оила бовусъат роҳандозӣ гашта, маҳфилҳои университети падарону модарон, мактаби модарони ҷавон, фаъолияти равоншинос ва кори комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулиятбароитаълиму тарбияи кӯдак” , «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мизҳои мудаввар, ҳафтаҳои маърифати ҳуқуқиву динӣ пайваста ва самарабахш амал менамояд. Дар байни толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва волидайни онҳо намоиши кинофилмҳои ахлоқиву тарбиявӣ, наворҳоизиндагиомӯз аз оқибатҳои терроризм, одоби муошират ва фарҳанги либоспӯшӣ, барномаҳои инъикоскунандаи дастовардҳои беназири Истиқлолият ва тарғибкунандаи ҳаёти осоиштаву босаодатбаргузор мегарданд.
Бо вуҷуди амалисозии чунин тадбирҳои судманд дар ҷодаи пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ ва маҳви таассуботу хурофоти динӣ вазъият ташвишовар боқӣ мемонад. Ва ҳар як шаҳрванди азизи кишварамонро дар ин ҷодалозим меояд, ки ба шукронаи ин рӯзҳои босаодату фархунда ваободу осоишта, ба умеди фардои дурахшони ҳаёти фарзандон, бо баҳрамандиҳои бепоён аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар амри пешгириии амалҳои даҳшатбори террористиву экстремистӣ ва таассуботу хурофотҳои динӣ, бегонапарстиву ифротгароиҳо дастаҷамъона мубориза бояд бурд.
Аз илму дониш, таъриху фарҳанг ва одамияти баланд бархурдор будани инсон сипари шикастнопазир дар назди ҳаводиси рӯзгор ва кирдорҳои нангин хоҳад буд.
Зеро ҳама гуна ақоиди ботилу бебунёд, ки дар назари пайравонаш таассубан бар асари нодониву ҷаҳолат дуруст маҳсуб мешавад, ногузир ба ҷангу хунрезӣ мепайвандад. Афроде, ки номи поки одамиро ба замин мезананд сазовори бардоштани ин ном нестанд. Онҳо танҳо дар зоҳир одаманд, дар асл аз дев ё ҳайвони дигар беш нестанд. Сазовори одаму инсон будан донистани ҳадду ҳудуди худ аст. Ҳамин, ки аз ҷодаи худ берун қадам ниход, уро дигар одам номидан маҳол аст.
Панди Ҳаким Фирдавсӣ далели ин гуфтаҳост:
Ҳар он к-ӯ гузашт аз раҳи мардумӣ,
Зе девон шумар, машмараш з-одамӣ.
Мардуми сулҳпарвари тоҷик фоҷеаҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Бахусус солҳои ҷангҳои бародаркушии дохилиро, ки ба туфайли ҷахолату ҷудоиандозиҳои Шумо барин исломгароёни авомфиреб ба нестӣ расида буд. Ана ҳамин ҳизби Шумо роҳбарӣ карду Тоҷикистони азизамон дучори фоҷиаҳои мудҳиш гардид. Шумо хеле хуб медонед, ки киҳо накшаи махви давлату миллатамонро таҳрези карданду болои миллат балову бадбахтиҳо оварданд. Намехоҳем малоли хотири шумо бошем, вале хоҳиш мекунем, ки миллатро ба нестӣ набаред, ҷавононро ба роҳи ҷахолату гумроҳи ва тассуботи дини шомил насозед. Вақти он расидааст, ки Шумо ва пайравонатон аз ин роҳ баргардед. Зеро ҷаҳолат сарчашмаи ифрот ва ифрот манбаи офоти башарият аст.
Маъбудов Шаҳриёр -муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети математика