​АНҶУМАНИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

Дар шаҳри Душанбе Анҷумани омӯзгорони забони олмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омӯзгорони факултети забонҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо ташаббус ва ҳамкории муштараки Embassy of Germany in Tajikistan, Embassy of Switzerland in Tajikistan, Goethe-Institut ва German Academic Exchange Service ташкил гардида, ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиш ва таълими забони олмонӣ мусоидат намуд.

Дар доираи Анҷуман бо иштироки мутахассисону лекторони хориҷӣ семинарҳои омӯзишӣ ва машғулиятҳои амалӣ баргузор шуда, дар доираи он омӯзгорон бо методҳои муосир ва интерактивии таълими забони олмонӣ, роҳҳои ташкили дарсҳои коммуникативӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим шинос шуданд.

Ҳамзамон, иштирокчиёни Анҷуман имконият пайдо намуданд, ки бо ҳамтоёни худ ва мутахассисони байналмилалӣ мубодилаи таҷриба намуда, масъалаҳои муҳимми рушди омӯзиши забони олмонӣ ва такмили методикаи таълимро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба омӯзгорон китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар маводи муосири таълимӣ дастрас карда шуданд, ки барои ғанӣ гардонидани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати дарсҳо мусоидат хоҳанд кард.

Иштироки омӯзгорони Донишгоҳ дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои такмили маҳорати касбӣ, густариши робитаҳои байналмилалии илмӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадам дар низоми таълим аҳаммияти муҳим дошта, дар оянда ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълими забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ