Ҳангоматалабон куҷоед?
Пайдоиши бемориисироятии COVID – 19 ва паҳншавии он саросарии мамлакатҳои олам бо мубталоёбии миллионҳо нафародамон ба ин беморӣ боиси таҳлукаи ҷиддӣ дар ҷомеа гардид. Алҳол шумораи сироят ёфтагон ба ин вабои асри 21 – ум дар ҷаҳон беш аз 290 миллион нафарро ташкил медиҳаду теъдоди ҳалок шудагон аз ин бемории сироятӣ анқариб 5,5 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Ҳатто, давлатҳои иқтисодиёташон мутараққӣ дар ҷодаи муқовимат бо ин беморӣ начандон комёб шудаистодаанду теъдоди бемории сироятёфта масалан дар Фаронса дар таърихи 01.01.2022 беш аз 232 ҳазор нафар дар як рӯз афзудааст. Тадбирҳои мухталифи пешгирӣ аз сироятёбӣ ва муолиҷаи он, эмгузаронии оммавӣ ва ҳоқазо боиси қисман ҷилавгирии ин пандемия шуда истодааст. Вале,то ҳол ҳамаи ҷаҳониён дар таҳлукаанд, зеро штаммҳои нав ба нави беморӣ пайдо гаштаанду сатҳи таҳдид ба оламиёнро баландтар карда истодааст ва мавҷҳои чоруму панҷумро ҳувайдо сохтааст.
Хушбахтона дар Ватани маҳбуби мо ба сайъю кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарҳанги баланди ватандорӣ аз давраҳои аввали пайдошавӣ бемории сироятии COVID – 19 ҷилавгирӣ карда шуду дар натиҷаи тадбирҳои мухталифи пешгирӣ сироятёбии аҳолӣ ба ин беморӣ хеле ночиз аст. Итминони қавӣ дорам, ки раванди пешгирӣ ва мубориза ба ин вабои аср таҳти назорати қатъӣ ва муваффақонаи системаи тандурустии кишвар ва табибони ҳозиқи мо қарор гирифтааст.
Рӯзҳои аввали ошкор гардидани бемории зикрёфта дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тоифаи нобакорони ватанфурӯшу хоин бо сарварии Муҳиддин Кабирии мунофиқу фосиқ ҳарзаю буҳтонҳо бофта мардумро ваҳмуҳарос андохтанд, ки Ҳукумати кишвар қудрати муқовимат ба бемориро надораду бояд ба истеъфоравад. Ин муртадони дур аз Ватани аҷдодӣ ба ивази кӯмаке дар шароити мушкили иқтисодии он вақта ҳангоматалабона дар чашми оламиён Тоҷикистонро нотавон нишон доданӣ хостанд, вале тири нопокашон хок хӯрд.
Имрӯзҳо, ки вазъи сироятёбӣ ба беморӣ дар кишвар коҳиш ёфтаву ҷилавгирӣ шудааст, овози палидонаи нобакорони наҳзатӣ шунида намешавад. Зуннукашон гирифтаасту мисли калламуши ба об афтода хомӯшанду гумном!? Куҷоед эй наҳзатиёни ҳангомаҷӯй? Ё худмубталои коронавирусшудаеду олам аз Шумо покхоҳад шуд? Ё чун мори ало интизори ҳангомаи нав камин гирифтаед?
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”