Ҳангомаи ҳарзагӯён!
Дар парлумони давлати ҳамсояамон, ки шабеҳи бозори марказии “Панҷшанбе” доимо муноқишаву баҳсҳои доманадор барпо мешавад, ҳангомаи нав эҷод шудааст. Сафари хизматии вазири дифоъи Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон ба давлати Туркия ва вохӯрии ӯ бо ҳамкасби туркӣ, ки бо муваффақ анҷом пазируфтааст, ҷониби қирғизро хеле нороҳату мувашшаш сохтааст. Хоҳиши харидории дастгоҳҳои бесарнишин, ки гӯё Тоҷикистон доштаасту Туркия онро маъқулдорӣ кардааст, чун хоре халидаасту ҷониби қирғиз беқарор гаштааст.
Аввало, ҳам Тоҷикистону ҳам Туркия давлатҳои соҳибистиқлоланду кай, бо кӣ, дар кадом масъала гуфтушуниду шартнома мебанданд, аз ягон давлати дигар намепурсанд. Баъдан, танҳо ҷониби муғриз аз амали ҷониби дигар хавотиру бо тарсу ҳарос мағзи барои худ мувофиқ мекобанд ва пӯстини қирғизтаборон кайк афтоданаш бо кадом сабаб бошад, беҳтар аст, ки аз К. Тошиеви иғвогар пурсанд!? Он замоне, ки онҳо дастгоҳи бесарнишинро дар моҳи декабри соли 2021 харидорӣ карданд, ҷониби Тоҷикистон дахолате кард? Шумоёни бетамизи тарсончак бо кадом ҳуқуқу одоб ба амалҳои Ҳукумати кишвари соҳибистиқлоламон бинӣ мехалонед? Харитасозию марзталошиҳои беасосатон кам буд магар?
Эй қирғизтаборон! Андеша кунед, ки ҷониби Тоҷикистон ба мардуми Шумо қитъаи замин иҷора додаву даъвои соҳибӣ накунед! Сабуриву таҳаммулпазирии тоҷиконро тарсӯӣ надонед, зеро ҷасорати шуҷоати мардуми оддиву Артиши миллиамонро шоҳид гаштаед. Намесазад, ки бори дигар қудрату тавоноии нерӯи ҳарбии моро санҷида бошед! Беҳтараш ҳарчӣ тезтар фаъолияти комиссияи босалоҳияти аломатгузориро тақвият диҳеду ҳамсоягии дӯстона барқарор намоед. Нагузоред, ки бозичаи беҳуши Тошиев барин дасисакорон бошед! Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳои таърихӣ порчаи замини дигар давлатро даъвогар нашудаанду ҳеҷ гоҳ порчаи замини аҷдодӣ ба дигарон надодаанд. Аз ин рӯ, сабру таҳаммул пеша кунеду бо ҷониби тоҷикон роҳи дӯстиву ҳамкорӣ ҷуста бошед. Вагарна, чархи таърих Тошиев барин сиёсатмадорони иғвоангезро чун хӯшаи пуч ордак хоҳад карду иддае аз гумроҳшудагон қурбони бозиҳои сиёсии бетамизони беномус мешаванд. Ҳарзагӯӣ ва ҳангоматалабии вакилони парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон барои холҳои сиёсӣ асту аз ватандӯстиву раиятпарварӣ дур аст. Аз чунин сиёсатмадорон дурӣ ҷӯянду меҳанпарастиву хираду адолат аз тоҷикону ӯзбекони ҳамсоя омӯзанд.
Зеро, ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”