Ҳангомабозон ҳангома насозед!
Аз замони истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон ҳанӯз чоряк аср сипарӣ нагардидааст 30 сол сипарӣ гардид. Аммо дар ин давраи на чандон тӯлонӣ, кишвари мо тавонист баъзе «сиёсатмадор»-ҳоеро кашф намуда, рӯйи кор орад, ки шояд дар дигар кишварҳо вуҷуд надошта бошанд. Солҳои охир бошад, баъзе инсонҳое даъвои сиёсату сиёсатбозӣ карда истодаанд, ки дар асл бӯе аз сиёсат набурдаанду бо хондани чанд китоб дар бораи сиёсату дипломатия аз худ беҳтарин дипломату нобиғаи аср месозанд. Ғайр аз кору фаъолияти на чандон муассири худ, хизматҳои дигаронро ба назар намегиранд. Инсоне, ки аз чеҳраи аслии онҳо воқиф нест, аз тарзи суханронию ҳарфзаданҳояшон гумон мекунад, ки танҳо онҳо дар фикру андешаи пеш рафтани ин миллату давлатанд, агар эшон набошанд, давлат несту нобуд ва миллат пароканда мешавад.
Ба ин гурӯҳ Муҳиддин Кабирӣ, Иззат Амон, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва даҳҳо мухолифини дигар шомил мешавад, ки дар тӯли зиндагиашон фақат барои манфиати худ барои давлату миллат кореро анҷом надодаанд. Ҳар яке аз инҳо дар баробари сиёсатбозиҳои худ ҳамчунин ба ҷинояткорӣ машғул будаанд. Баҳори имсол бо ҷурми қаллоби ба миқдори калон (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва раиси "Маркази тоҷикон" дар Федератсияи Русия дастгир гардида буд.Баъд аз таҳқиқи тӯлонӣ санаи 19 октябр, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбеӯ ба 9 соли зиндонмаҳкум гардид.
Тибқи иттилои Додситони кишвар ҳаҷми умумии зарари расида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад.
Ҳоло атрофи Иззат Амон Иззат Амон хабару ҳангомаҳои зиёд нашр мешавад. Аамо ҳар нафари ҷинояткор бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд.
Мо аминем, ки ҳукми Додситони шаҳри Душанбе тибқи қонунгузориҳои амалкунандаи кишвар мебошад.
ШАҲРЗОД