Андешаи сулҳу ваҳдат - ҷузъи ҷудонопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ
Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди таъмини шароити мусоид аз ҷониби ҳукумату давлат ҷиҳати беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияти ҷавонон,шароити муносибдар фаъолияти густардаи онҳо ва тадбирҳои муҳим дар густариши мавқеи иҷтимоиионҳо ҳанўз бархе аз ҷавонони мо ба ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷоиву радикалӣ ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои манфиатхоҳ ва берун аз доираи суннатҳои исломӣ моилшудаанд, ки заминаи аслии чунин нофаҳмиҳо пеш аз ҳама бетарафии волидон ва каммаърифатии худи ҷавонон ба шумор меравад. Дар ин ҳол онҳо бештар аз рўи шунидаҳои хеш аз рўи гуфтаҳои пайравони манфиатхоҳи гурўҳҳои ифротӣ амал мекунанд ва ин дар ҳолест, ки дар ҳеҷ як китобҳои динии ҷаҳонӣ ифротгароӣ тарғиб нашудааст ва баръакс ҷавҳари таълимоти дини исломро муқовимат бо ифротгароӣ ва ақидаҳои иртиҷоӣ ба вуҷуд овардааст. Аз ин рў, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар маҷмўъ олимони сатҳи байналхалқӣ, сиёсатмадорони ҷаҳонӣ низ борҳо таъкид кардаанд, ки ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ки аз номи Ислом баромад карда, манофеи шахсии худро дар назар гирифтаанд, ҳаргиз ба дини мубини Ислом иртибот надоранд. Дар ин радиф борҳо Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки исломи воқеиро шиносем ва дини мубини исломро аз тероризиму экстремизм фарқ намоем. Ин гуфтаҳои огоҳонаи Сарвари давлат бояд мароми ҳар як аз шаҳрванди Тоҷикистон, хоса ҷавононт бошад. Барои расидан ба ҳадафҳои матлуб ва шинохту дарки моҳияту ҷавҳари таълимоти дини мубини ислом соли 2009 дар Тоҷикистон соли Имом Абуҳанифа- пешвои мазҳабии миллати тоҷик бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат баргузор гардида, дар партави он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби муқаддаси «Қуръон» ба тамоми хонадони мардуми тоҷик тақдим гардид. Бо гузашти чанд сол ҳамакнун тавассути чунин як ибтикори дигари Пешвои миллат, китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров низ тақдим шуд. Ин тадбирҳои наҷиби мардумпарварона пеш аз ҳама ба он хотир аз сар гирифта шуд, ки мардуми кишвар, хоса ҷавонон арзишҳои динӣ ва миллиро дар мақоми хеш шинохта онҳоро дар такмили тафаккури миллии хеш ба кор бигиранд.
Бояд гуфт, ки сабабҳои аслии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракадҳои экстрамистиву терористӣ пеш аз ҳама зудбоварӣ ва ноогоҳӣ аз фарҳанг ва тафаккури миллӣ ва маърифати дурусти арзишҳои динӣ мебошад.Яке аз масъалаҳои бисёр мубрам дар ҷомеаи имрўз, ба хусус дар миёни насли ҷавонон ин аз тафаккури миллӣ ва дар маҷмўъ дарки нодурусти арзишҳои миллии худ мебошад. Пешвои миллат низ дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд: “Насли ҷавони кишвар андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудонопазири фарҳангва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош намоянд”. Дар робита ба ин мо бояд ҳамеша ҳушёри ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба дасисаи доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем. Ҳамеша саъй бар он дошта бошем, ки худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастиро дар тафаккури насли ҷавон бедор намуда, суботи сиёсиро боз ҳам қавитар гардонем. Ин вазифаи хеле муҳимбароиҳар як тоҷик бояд ҳатмӣ бошад.Дар ин росто низ, Пешвои миллат аз тамоми мардуми кишвар даъват ба амал оварданд, ки ин ватан ва ин марзу бум ватани ҳар яки мост дар пешрафти он бояд ҳама якҷоя саҳм гузорем.Тасмимҳои наҷибонаи Президенти кишвар дар ин самт бештар аз як тоҷики асил назаррас мебошанд. Дар партави чунин сиёсат ва чунин эҳсоси ватанпарастона мо, тамоми мардуми тоҷик бояд ҷиддӣ ва бештар аз пештар биандешем.Гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои диниву экстремистӣ ва террористӣ ҳаргиз оқибати хуб нахоҳад дошт. Агар ҷавонони мо дар ин моилшавӣ натиҷаи хубро интизор бошанд, ин ба ҷуз соддалавҳӣ ва ноогоҳӣ чизи дигаре нест ва наметавонад бошад.
Сорбони Холиддин, устоди
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров