“АНДЕША”: ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН
Дар толори хурди раёсати Донишгоҳ маҳфили навбатии таблиғотчиёни ҷавон “Андеша” баргузор гардид, ки ин навбат ба мавзуи “Пешвои миллат ва ҷавонон” бахшида шуд. Ҳамоиш бо иштироки устодону донишҷӯён – аъзои маҳфил дар фазои озоду созанда доир гардида, масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҳфилро муовини ректор оид ба корҳои тарбия Маҳмудзода Бахтиёр ифтитоҳ намуда, аз муҳиммияти тарбияи сиёсию маънавии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва маънавии ҷавонон аҳаммияти калон дорад.
Сипас, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Фаридун Ҳодибоев дар мавзуи “Пешвои миллат ва ҷавонон” маъруза намуд. Мавсуф зимни суханронӣ доир ба сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, аз таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон ёдовар гардид.
Қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои муҳимми давлатӣ дар самти сиёсати ҷавонон қабул гардида, барои таҳсил, фаъолияти илмӣ, рушди қобилият ва ҳавасмандгардонии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, Фаридун Ҳодибоев ҷавононро ба ҳисси баланди ватандорӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа даъват намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҷавонон бояд бо истифода аз неруи илму дониш бар зидди падидаҳои номатлуб аз ҷумла ифротгароӣ, ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва мағзшӯии ҷавонон мубориза баранд.
Дар қисмати ҷамъбастии маҳфил миёни иштирокчиён ва маърузачӣ табодули афкор сурат гирифт. Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Маркази иттилоот ва студияи “Фуруғ”