“Ҳамсояи наздик хубтар аз....”?
Муқоисаи воқеияти ҳаёт бо панду андарзҳою ҳикматҳои бузургони фитрат ва урфияти халқ барои бештару хубтар фаҳмидани қонуниятҳои фалсафаи ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад. Гар шӯълае набошад аланга барнамехезад, таъкид медоранд бузургон, ки исботи онро дар ҳаёти воқеӣ фаровон мушоҳида кардан мумкин аст.
Пайдоиши баҳсу талошҳои байнисарҳадӣ, даъвои беасос ба марзи давлати дигар, иғвогарию дасисабозиҳои пайваста аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба Ватани маҳбуби соҳибистиқлоламон шаҳодати амали шӯълаандозонемебошад, ки дар равшанӣ шӯълаи шамъ ба даст андешаи тафриқаандозӣ мекунанду баъзан муваффақ ҳам мешаванд.
Оғози фаъолияти комиссияи бесалоҳияти байнидавлатӣ ҷиҳати аломатгузорӣ ва муайян кардани сарҳадро мардуми шарифи тоҷиктабор деҳаҳои ҳамҷавори Қирғизистон дер боз интизоранд. Зеро, тоҷикон ҳеҷ давру замон ба марзи бегона чашм ало накардаанду мӯҳтоҷ ба замини ҳамсоя ҳам нестанд. Вале, барои ҳифзи ҳатто як порча замини Ватан омодаанд ҷони худ нисор намоянд, ки таърихи кӯҳану навин онро исбот менамояд. Мутассифона, чунин хислати ҷавонмардии ҷониби тоҷикро дар кишвари ҳамсоя бархе аз бӯзинагони одамсимо дарк накардаанду сабуриву таҳаммулпазирии тоҷиконро бо иғвою суханҳои носазо санҷида истодаанд. То ҳанӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе афроди давлатиюзоташон номаълум ҳар гуна далелбофию сохтакорӣ карда баҳси хомӯшёфтаро оташ меандозанд.
Давлатдорони Ҷумҳурии Қирғизистон низ фирефтаи чунин афроданд, зеро сиёсати харидории аслиҳаи гуногунро пеш гирифтаанд ва хазинаи хароби давлати худро боз ҳам сабуктар карда истодаанд. Ғайр аз ҳамсарҳадӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби қирғиз бо ягон ҳамсояи наздик баҳси марзие, ки боиси хунрезиҳо шуда бошад, мавҷуд нест. Агар чунин бошад, сабаби харидории аслиҳаи замонавӣ аз ҷониби давлатдорони қирғиз дар чист? Ё хавотир аз беҳунарию ноустувории интизом дар дохили кишвари худ мебошанд?
Ҷавобан ба амалҳои ношоистаи давлатдорони ҳамсоя ва афроди шӯълаандоз бо итминони қавӣ изҳор менамоям, ки тоҷикону тоҷикистониёнмӯҳтоҷихасу замини ҳамсоякишварҳо нестанд ва ҳаргиз нахоҳанд буд. Мардуми заҳматқарини Тоҷикистон бо арақи ҷабин ҳалолу покизакоранд, ки файзу баракоташ атои Парвардигор аст. Касе, агар ба ин далел исбот хоҳад, ба табиати биҳиштосою захираҳои фаровони канданиҳои фоиданоки Ватани маҳбуби соҳибистиқлоламон, мардуми шариф, ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ягонагӣ, якдилии ҷомеа бо дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хориҷиву дохилии роҳбарияти олии кишвар назар афканад. Аён аст, ки иродаву матонати қавӣ, адолатпеша ва сулҳхоҳии тоҷикон суннатҳои қадимаи миллати куҳанбунёд асту ягон нерӯи ақлию ҷисмонӣ ононро дигаргун карда наметавонад.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”