Ҳамсоягӣ осон нест!

Вазъи орому зиндагии бомароми оилаи алоҳидаи мустақил дар фазои солими атрофи он, яъне вазъияти боэътидоли ҳамсоягон устувортару беолоиш боқӣ мемонад. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар арсаи олам бо сиёсати одилонаи инсондӯстӣ ва муқовимати шадид бо терроризму ифротгароӣ муваффақона муаррифӣ шудааст, бо давлатҳои зиёд ҳамсарҳаду ҳамсоя мебошад, ки вазъи онон ба ҳаёти осоиштаи мо низ дахл дорад. Яке аз чунин ҳамсояи наздику сарҳадоти тӯлонидошта Ҷумҳурии Исломии Афғонистони ноором мебошад, ки тӯли беш аз 40-50 соли охир ба вартаи ҷангу ҷидол кашида шудааст. Манфиатҷӯёни пурқудрати олам мавқеи муҳими стратегӣ доштани ҳудуди Афғонистонро барои мақсадҳои муғризона истифода карда истодаанду мардуми оддӣ машаққатҳои сершуморро кашида истодаанд.

Дар натиҷаи бозиҳои сиёсии ҳунармандони хориҷӣ ҳаракати ифротии “Толибон” дар ҳудуди Афғонистон қудрат ба даст овардаву ҳокимияти давлатиро ба нерӯи аслиҳаву зӯру лаҷом задааст. Гарчанде, ки то ҳол ягон давлати ҷаҳон чунин Ҳукумати Афғонистонро расман эътироф накардааст, аммо бо намояндагони “Толибон” оид ба ҳаллу фасли қазияҳои сатҳи давлатӣ сиёсатмадорони зиёда аз 20 давлатҳои ҷаҳон гуфтушунидҳо анҷом дода истодаанд. Сафари ҳайати калони намояндагони Федератсияи Россия бо сардории намояндаи махсуси он Замир Қобулов мисоли аён ва тасдиқи он андеша аст, ки давлатдорони олам бо “Толибон” чун Ҳукумати расмии Афғонистон муносибат менамоянд. Эҳтимол меравад, ки мақсади асосии сафарҳову гуфтушунидҳо аз ҳаллу фасли мушкилотҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва дигари ҷомеаи Афғонистон иборат асту то ба андозае баҳри раҳоии мардуми оддӣ аз гуруснагиву бенавои хизмат мекунад.

Ногузир гаштааст, ки муддате мегузараду аксарияти давлатдорони ҷаҳон ҳаракати Толибонро расман чун Ҳокимияти ягона дар Афғонистон мешиносанду муносибатҳои дуҷониба барқарор менамоянд. Ин тамоюл гувоҳӣ медиҳад, ки баҳри сулҳу салоҳ ва таъмини амнияти ҷомеа ҳатто зарур меояд бо ифротиён низ аҳду паймони дӯстона баст. Вагарна, чӣ тавр метавон бо ҳаракате, ки аксарияти давлатҳои ҷаҳон расман ифротгаро хондаанд, мусолиҳа ва гуфтушунид кард!?

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ