Ҷамъомади тантанавӣ

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик дар толори факултети филологияи тоҷик таҳти унвони “Бахтномаи миллат” чорабинии тарбиявӣ доир гардид. Ибтикори мазкур бахшида ба 28 солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номиакадемик Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ садорати факултет, устодон ва аъзои кафедраи адабиёти муосири тоҷик иштирок намуданд.

Ба ин ташаббус донишҷӯёни гурӯҳи 106 ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик. Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ” ҷалб гардиданд.

Донишҷӯён дар бораи ватандориву ифтихори миллӣ, озодиву ободии диёр шеъру гуфтор қироат намуда, дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳои Конститутсия ва бобҳои он маълумоти муфассал доданд.

Мудири кафедра профессор Ӯлмасова Замира иштирокчиёни ҷамъомадро ба муносибати рӯйдодҳои таърихӣ табрик гуфта, ба устодону донишҷӯён барору пирӯзӣ таманно намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ