​Ҳамоиши байналмилалӣ: Шаҳриёр ва таҳаввули ғазали муосири форсӣ

Санаҳои 9-10-уми декабри соли равон бо ташаббуси донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Истамбули Туркия дувумин ҳамоиши байналмилалии шоири машҳур устод Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр баргузор гардид. Дар кори ин ҳамоиш муҳаққиқону донишмандон аз кишварҳои Бангладеш, Арманистон, Озарбойҷон, Туркия, Узбекистон, Ҳиндустон, Эрон, Тоҷикистон ва мамолики дигар ширкат доштанд.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров профессор Нуралӣ Нурзод дар ин ҳамоиш бо ҳузури маҷозӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Мавсуф дар мавзуи «Шаҳриёр ва таҳаввули ғазали муосири форсӣ» маърӯза намуд. Зимнан таъкид гардид, ки Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр дар Тоҷикистон аз солҳои 70-уми асри гузашта маҳбубият дорад. Аз ҷумла ғазали ӯ бо матлаи «Омадӣ, ҷонам ба қурбонат, вале ҳоло чаро…» бо садои ҳунарманди мардумии Иттиҳоди шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов сурудаи маҳбуб ва машҳур аст. Ҳамзамон ашъори шоир борҳо бо кӯшиши адабиётшиносони тоҷик Мирзо Муллоаҳмад, Ғиёсиддин Қодиров ва шоир Исмоил Зарифӣ ба чоп расидааст.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар амри тақвияти ҳамкориҳои илмии Донишгоҳ бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ