Ҳамкории оила, мактаб, ҷомеа дар роҳи пешгирии экстремизм, терроризм ва ифротгароӣ

«Аҳли ҷомеа ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд…»
Эмомалӣ Раҳмон
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Маҳз талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидол оварем.
Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо, ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, барои таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дареғ надоранд.
Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иқдоми саривақтӣ буда, қабули он дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат мекунад.
Дар шароити Тоҷикистон таълиму тарбияи кӯдак беҳбудиро мехоҳад. Аз ин рӯ, қабули лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои низом дар ин самт ба манфиат аст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 - юми августи соли 2011, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дигаргуниҳои зиёд ба манфиати фаъолият дар ин самт дида мешаванд. Шурӯъ аз худи номгузорӣ намудани лоиҳаи қонун, яъне аз «фарзанд» ба «кӯдак» табдил додани мафҳумҳои асосии қонун ва хориҷ намудани калимаҳои «падару модар» бисёр муҳим дониста мешаванд, зеро мафҳуми «фарзанд» маҳдуд буда, масъулият танҳо ба падару модар тааллуқ дорад, ҳол он ки дар татбиқи қонуни зикршуда дигар шахсон низ масъул мебошанд (масалан, омӯзгорон). Дар баробари ин, фарзанд ҳадди синнусолӣ надорад, аммо дар татбиқи қонуни зикршуда масъулияти падару модар танҳо нисбат ба фарзандони то 18 - сола, яъне кӯдак, пешбинӣ шуда буд.
Дар муқаддимаи лоиҳаи қонуни мазкур на танҳо мақсади қабули қонун, балки мавзуъ ва вазифаҳои асосии он низ инъикос ёфтаанд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур бори аввал принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҷалби аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдак, мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ шуданд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии қонуни мазкур мақоми ягонаи ваколатдори давлатӣ вуҷуд надорад. Дар лоиҳаи қонуни зикргардида норасоии мазкур бартараф шуда, дар моддаи 8 ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Дар моддаи 9 ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва ғайра муқаррар шудаанд.
Дар амалия вобаста ба татбиқи қонун мушкилоте мавҷуд буд, ки падару модар фарзандони худро ба хешу ақрабо бе ягон расмиёт супорида, ба давлатҳои дигар мерафтанд. Хешу ақрабо масъулиятро нисбат ба кӯдак ба уҳда нагирифта, нисбат ба онҳо барои иҷро накардани уҳдадориашон чораҳои дахлдор андешида намешуд. Дар натиҷа кӯдакон ба оворагардӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо даст зада, аз таълиму тарбия дур мемонданд. Дар лоиҳаи қонун мушкилоти мазкур бартараф шуда, дар сархати 7 моддаи 1 дар баробари падару модар, инчунин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, масъул гардиданд.
Мушкилоти дигаре, ки лоиҳаи қонуни мазкур бартараф намудааст, ин дақиқ пешбинӣ намудани иштироки мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҳамоҳангсозӣ дар фаъолияти онҳо, муайян намудани ваколатҳои ин ниҳодҳо мебошанд.
Соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйиру иловаҳо вобаста ба комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии қонун ворид карда шуда буд, аммо бинобар мушаххас пешбинӣ накардани муқаррарот ҳангоми фаъолияти комиссияи ҷамъиятии мазкур дар амалия мураккабиҳо ба миён омаданд. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ аслан татбиқкунанда ва назораткунандаи талаботи лоиҳаи қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Дар лоиҳаи қонун шумораи аъзои комиссия ва ҳайати он дақиқ муқаррар гардидааст. Ҳамзамон, дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани тасдиқи низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак пешниҳоди бамаврид буда, фаъолияти ин комиссияҳоро пурра ва ҳаматарафа ба танзим медарорад. То ҳол қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар амалия мавҷуд набуд.
Бинобар бо сабаби танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, шароит ва эҳтиёҷоти мавҷуда дар таълиму тарбияи кӯдак зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба миён омада, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шуд. Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак пурзӯр намудан, таълиму тарбияи кӯдакро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ба роҳ мондан буда, он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст, зеро таълиму тарбияи дурусти кӯдакон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Таълиму тарбияи кӯдак дар ҳамкории зичи се ниҳоди иҷтимоӣ - оила, мактаб ва ҷомеа сурат мегирад. Бинобар ин, тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар ин самт худро масъул ва уҳдадор ҳисобида, зиндагии кӯдакро тибқи нақшаи муайян амалӣ намоянд.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз муқаддима, 7 боб ва 25 модда иборат буда, муҳимияти он нисбат ба қонуни амалкунанда дар он аст, ки дар чордаҳ моддаи нави лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак ва ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгор, муассисаи таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақоми ваколатдор ва дигар вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеа дар моддаҳои алоҳида оварда шудааст.
Дар асоси Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 - уми апрели соли 2024, №2161 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ барои баррасӣ ва ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ сурорида шуд ва қабул гардид.
Натиҷаи назарсанҷиҳои гузаронидашудаи афкори ҷомеа байни 800 нафар занону мардони оилаҳои тоҷик ҳамчун волидайн тасдиқ менамояд, ки танҳо 16%-и падару модар аз субҳ то шом фарзандони худро зери назари оила қарор медиҳанд ва тарбияи онҳоро вазифаи оила мешуморанд. 61,4%-и пурсидашудагон аз таҳсилу ҷараёни таълими фарзандон бархӯрдор буда, ҳамеша бо муаллим робита доранд ва 5,1%-и дигар таълиму тарбияро пурра вазифаи мактабу донишгоҳ меҳисобанд ва масъулияте бар дӯш гирифтан ҳам намехоҳанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки ҳастанд волидайне, ки дар бештари маврид такя ба муассисаҳои таълимӣ ва муаллим намуда, дар ин раванд масъулияти бештари тарбияро аз худ дур месозанд. Пардохти маблағи хониши фарзандон дар муассисаҳои таълимиро бо дониши онҳо чен мекунанд. Дар ҳоле, ки тибқи Барномаи ягонаи тасдиқгардидаи таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ муаллим дарс мегӯяд. Агар ба фарзанди эрка, танбал, сустхон ва душворфаҳму душвортарбия волидайн таваҷҷуҳ накунад, омӯзгор низ ба ӯ таълими дилхоҳ дода наметавонад. Ӯ хоҳ нохоҳ аз мактаб хориҷ мешавад ва дар натиҷа, боиси эҳтимоли ҷалб шудан ба гурӯҳҳои беназорат ва ифротӣ майл пайдо мекунад.
Дар ин хусус, мушкилоти дигаре низ дар оилаҳои ҷомеаи тоҷик ҷой дорад. Чунончи аз сабаби зиёд будани кор волидайн вақт надорад, ки бо фарзандон суҳбат намоянд (7,5%), хоҳиши кор бо фарзандон дар оиларо доранд, аммо худ дониши кофӣ надоранд (6,9%) ва ғайра. Ҳарчанд фисади ками оила мушоҳида мешавад, аммо эҳтимол ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ифротӣ шомил шудани фарзандони онҳо ҷо дорад.
Аз ин рӯ, тарбияи комили ҷавонон, пеш аз ҳама, ба оила, махсусан, волидайн эҳтиёҷи бештар пайдо менамояд, ки он аз муҳимтарин масоили ҷомеаи рӯз маҳсуб меёбад.
Аз натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ бармеояд, ки 78,8% (аз он 42,3% занону духтарон) тарбияи оиладориро аз волидон омӯхтаанд ва онро ҳамчун оина ва роҳнамои зиндагии худ истифода мебаранд. Ҳастанд ҷавононе, ки тарбияи хонаводагиро аз муаллим (11,1%), аз ҳамсар (5,1%), аз оилаҳои намунавӣ (9,9%), тариқи худомӯзӣ (12,3%), аз шахсони муътабар (6,6%), аз дӯстон (4,5%), аз руҳониён (2,8%) ва аз ҳамаи сарчашмаҳои зикргардида (10,6%) омӯхтаанд, аммо чун симои падару модар ва оилаи худ нақши калидӣ набозидааст.
Дар таълиму тарбияи фарзанд танҳо мактабу омӯзгор муаззаф нест, падару модар вазифаи аввалиндараҷа доранд. Тарбияи дурусту баркамоли фарзанд асосан аз оила сар мешавад. Вақте кудак аз хурдӣ тарбияи хуб нагирифт, вай дар оянда шахси бомаърифат, бомаданият ва хушахлоқу некбин шуда наметавонад. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд нақши басо муҳимеро мебозанд ва танҳо
падару модаре дар таълиму тарбияи неки фарзанд мушарраф мегарданд, ки худ бомаърифат, илмдӯст ва дар муҳити хонаводагӣ соҳибэҳтироманд. Вале, мутаасифона дар аксар мавридҳо падару модарон таълиму тарбияи фарзандро ба души мактаб вогузор намуда, худро дар канор мегиранд. Тарбияи фарзанд ва дар ҷомеа дуруст ба камол расонидани фарзанд, қарзи падариву модарии ҳар яки мо мебошад. Пас аз ин, мактабу омӯзгор аст, ки барои донишандӯзӣ, закиву донишманд ба воя расидани он саҳм мегузорад, ки дар ин ҳам робитаи мустаҳками падару модар бо мактаб нақши муҳим мебозад.
Вобаста ба ин ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд падару модар бояд чунин вазифаҳоро иҷро намояд:
-бо мактаб алоқаи хубу доимӣ дошта бошанд;
-барои фарзанд дар хона реҷаи рӯз ташкил кунанд;
-дар хона шароити хуби илмомӯзӣ фароҳам оваранд;
-барои фарзандаш китобҳои дарсӣ ва бадеӣ фароҳам оваранд;
-ҳадди ақал дар ду ҳафта як маротиба дар рафти дарсҳои фарзандаш иштирок намоянд.
Бо ин восита ҳам фарзанд масъулиятпазир мешавад, ки илм омӯзад ва ҳам робитаи падару модар бо мактаб дар тарбияи ӯ таъсири манфии худро хоҳанд расонд. Ва агар баръакси ин падару модар бо саҳлангорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд аҳамият надиҳад ва тарбияи фарзандро танҳо вазифаи мактабу омӯзгор донад, дар ин ҳолат кӯдак тарбияи дуруст нагирифта, аз таълими ҳам оила ҳам мактаб дур монда, оқибат дар ҷомеа тавре бар камол мерасад, ки ҳам ба зарари оила ва ҳам ба зарари ҷомеа аст. Чунон чи адиб дар ин бобат фармудааст:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Яъне, чӣ тавре, ки мо муносибат ва тарбия кардем ҳамон тавр боло меравад ва ҳамон тавр ба мо насиб мегардад. Аз ин хотир агар хоҳем, ки фарзандон хубу бо тарбия ба воя расанд дар таълиму тарбия ва рафтору кирдори он беаҳамият набошем ва тарбияи онро танҳо ва танҳо вазифаи мактабу муаллим надонем. Зеро тарбияи аввалин ба фарзанд аз оила ва хонавода оғоз мегардад.
Равандҳои сиёсию иҷтимоии замони муосир аз ҷиҳати мазмуну моҳият ва хусусиятҳои амалишавии худ бо пуртазодию пешгӯйинашавандагӣ фарқ мекунанд. Ин аст, ки муҳити иҷтимоӣ дар аксар маврид вобаста ба пешгирии онҳо эҳсоси худнигоҳдориро истифода бурда наметавонад. Ин хусусият бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таъсири василаҳои иттилоотӣ ба ҳама равандҳои сиёсӣ рӯз то рӯз зиёд гашта, худи технологияи идоракунии онҳо мушкил гашта истодааст.
Таҳлили равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки хусусияти ҷалби ҳарчи бештари субъектон ба онҳо аз шакли оммавӣ ба шакли фардӣ гузашта истодааст. Яъне, қувваҳои манфиатдор усули таъсиррасонии фардӣ ва алоҳидаро ба шахсиятҳо пеш гирифта, дар ин раванд кӯшиш менамоянд, ки ҳарчи бештар аз шахсиятҳои дорои хислатҳои маргиналии ба муҳити иҷтимоӣ пурра ворид нашуда ва аз ҷавонони камтаҷриба истифода баранд.
Лозим ба ёдоварист, ки раванди тарбия дар замони муосир ба худ хусусияти мушкил касб намудааст. Ин мушкилӣ ба васеъ будани фазои таъсиррасонӣ алоқаманд буда, амалияи ҳаррӯза нишон дода истодааст, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯз ҳам дар ҷомеа омилҳои таъсиррасон зиёданд. Ин аст, ки на танҳо дар байни ҷавонписарон, балки дар миёни ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба чашм расида истодааст. Омилҳои ҷалби онҳо низ гуногун буда, дар байнашон мафкура ва ҷаҳонбинии танг, таҳмили ғояҳои ифротӣ аз ҷониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияҳо аллакай гаравидааст, ҳаваси кӯр-кӯрона ба фарҳанг ва арзишҳои бегона, ҳолати рӯҳӣ ва эҳсос, ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ мебошанд, ки боиси роҳгумӣ ва бадбахтиҳои зиёд гашта метавонанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои гароиши ҷавонон ба равияҳои бегонаю хавфнок ин дур будани онҳо аз муҳити иҷтимоӣ буда, маънои онро дорад, ки агар шахс ҷисман дар як муҳити иҷтимоӣ бошад, рӯҳан дар муҳити иҷтимоии дигар аст. Аз ин рӯ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону занон ба равандҳои иҷтимоии муосир омили зарурӣ буда, тавассути ширкати онҳо имконияти муоширати иҷтимоӣ фарох мегардад.
Маҷлиси падару модарон, яке аз шаклҳои асосии робитаи мактаб бо оилаҳои хонандагон ба тартиб намудани донишҳои педагогӣ дар байни падару модарон мебошад. Дар қатори муассисаҳои таълимӣ, дар мактабҳои олӣ низ гузаронидани маҷлис ва машваратҳои корӣ бо волидайни донишҷӯён тибқи нақшаи тасдиқгардида баргузор мегардад. Дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафров” факултети забонҳои шарқ ду намуди маҷлиси падару модарон ҷорист: умумимактабӣ ва синфӣ дар шакли маҷлиси падару модарони муҳассилини факултет дар давоми соли хониш 2 маротиба гузаронида мешавад. Маҷлиси гурӯҳӣ дар ҳар семестр 1-2 маротиба гузаронида мешавад. Маҷлиси умумифакултавии падару модарон аз ҷониби садорати факултет, куратори гурӯҳ ва комитети падару модарон гузаронида мешавад.
Дар соли хониши 2023-2024 дар факултети забонҳои шарқ 16 маротиба маҷлиси падару модарон гузаронида шуд, ки дар он доир ба чорабиниҳои ба нақша гирифташудаи садорати факултет, корҳои иҷрогардида, алалхусус давомоти донишҷӯён, дастовардҳо ба ҳозирин маълумот дода шуда, ҷиҳати ҳамкории падару модарон, иштироки онҳо дар маҷлисҳои гурӯҳи академикӣ, ҳолати омодагии ҳаррӯзаи донишҷӯёнба дарсҳо ва камбудиҳоиҷойдошта маълумот дода шуд.
Хулоса, оила дар тарбияи донишҷӯён дар роҳи пешгирии эктримизм, терроризм ва ифротгароӣ нақши созанда ва ҳам тарбиятгар гузошта метавонад. Муҳити оилавӣ то куҷо созгор ва солим аст, ҳамон қадар мавқеъ ва ояндаи фарзандон аз он вобаста мебошад.Шамсиддинова Н.Р., Тӯраева Г.Б., устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров