Ҳамгироӣ бар зидди терроризм ва ифротгароӣ пешаи ҷомеаи ҷаҳон

Аҳрори Бузургмеҳр, сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
Дар ҷомеа ҷаҳон ҳоло яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарра, ки онро ба ташвиш даровардааст масъалаи терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ имрӯз яке аз зуҳуроти номатлуб дар доираи ҷомеаи мутамаддини башираят ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои ваҳшатангез - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакатҳо, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ ба хусус сиёсӣ мебошад.
Имрӯзҳо ба ҳамагон маълум аст, ки ҳолатҳои мутҳиши нигаронкунанда дар қаламрави давлатҳои мухталиф ба миён омада истодааст, ки боиси ташвишу бенизомии иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву динӣ, ҳамзамон ба оқибатҳои нохуш аварда расонидааст. Дар ин ҷода ин гуна ашхос яке аз роҳҳои соддаро пеша намуда дар ҷоҳони маҷозӣ ақидаҳои ифротиву характери террористӣ доштаи худро тавассути шабакои иҷтимоӣ, ки дар интернет хеле гуногун мебошанд ба миён гузошта, мехоҳанд ҷомеаро халалдор намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромаду мулоқотҳои хеш ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар зикр намуданд: “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле мебошад, ки ба муқобили он тамоми сохторҳои давлатӣ, маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ бояд якҷоя мубориза бурда, фаолиятро бо ҳамдигар мувофиқа намоянд”[1]. Аз ин рӯ мубориза алайҳи ин раванди номатлуб кори ҳамагон ва дастаҷамона мебошад. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем ҷомеаро солим нигоҳ дорем.
Баяд зикр намуд, ки амалҳои номатлуби хусусияти террористӣ-экстремистӣ доштаро дар ҷомеаи муосир ҳамеша аз ҷониби чунин ҳизбу ҳаракатҳо ба монанди: “Ҳизби наҳзати Ислом”, Ҳаракати исломии Узбекистон” (ҲИУ), ташкилоти «Тавба», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Толибон», “ДОИШ„ «Ал-Қоида», «Лашкари таййиба», «Ихвон-ул-муслимин», «Сипоҳи саҳҳоба», «Ҷайш-ул-Ислом» ва дигар гурӯҳҳо, ки ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ шинохта шуданд, бо ёрии технологияиҳои муосир ва идеология сиёсиву динӣ ва номҳои гуногун ба амал дароварда, асли ҷиноятии худро пинҳон месозанд. Баъзе аз онҳо ба монанди гуруҳҳои “Ҳизби наҳзати ислом”, «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Акрамия», «Таблиғи Ҷамаат», «Ҳизби исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҷамоати муҷоҳиддини Осиёи Марказӣ», «Бародарони мусулмон» ва дигар ташкилотҳои дорои характери экстремистта дар сохторҳои давлативу идоракуни давлат ширкат намуда буданд. Вале дар ниҳояти кор ҳадафҳои пасипардагии онҳо зоҳир гардид, ки онҳо мақсадҳои номатлуб доранд. Пас аз маълум гардидани ҳадафҳояшон фаолияти онҳо манд ва ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрони худ дар мулоқот бо номоядагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, чунин қайд намуданд:“Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубадал гаштааст. Назари қотеонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд”[2]. Ташкилотҳои зикргардида исломро барои мақсадҳои нопоки худ истифода намуданд, ки боиси нанг ва ноумедии мардум гардид. Ҳамзамон дар ҷаҳони муосир ин равандҳо зуҳуроте мебошанд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Терроризм ва экстремизм имрӯз ва дар оянда низ ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ мемонад.
Барои муқовимат пеш аз аҳама бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои мусбии истифодабарии онро ба роҳ монда, кушиш доимиро сафарбар намудан лозим. Зеро дар солҳои охир бештари ин ҷиноятҳои содир намудаи ин ташкилотҳо, маҳз аз беруни кишварҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ дигаронро ба ин роҳ, ба даст задан бо ваъдаву фиреби худ дароварданд, ки онҳо низ ин ҷиноятро содир намуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Барои пешгири намудани чунин ҳолатҳо бояд ҷомеаи ҷаҳон ба ҳам тавъман гардида барои бартараф намудан ва нигоҳ доштани сулҳу амнияти башари дастаҷамъона мубориза барад. Яке аз ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлат низ ҳамгироӣ бо давлатҳои ҷаҳон дар роҳи мубориза бо терроризм ва экстремиз мебошад.
Вақте, ки дар гӯшаву канорҳои рӯи олам оид ба амалу зуҳуротҳои номатлубе, ки намояндагони ташкилотҳои террористиву экстремистӣ содир мекунанд бо воситаи расонаҳои хабарӣ огаҳи пайдо мекунем, беихтиёр ба ваҳшату тааҷҷуб меоем. Зеро, барои онҳо чизе ва касе арзишу қиммат надорад, баҳри ноил гаштан ба мақсаду ҳадафҳои нопоки худ ба ҳама гуна ҷинояту беадолатиҳо даст мезананд.
Бо як сухан ташкилотҳои террористиву экстремистиро ҳамчун душманони ашаддии тамоми мардуми сайёра ва вабои асри 21номида,баҳри аз байн бурдани ин ташкилоҳо муборизаи оштинопазиру таъҷилиро пеша менамоем.
Дар фарҷом қайд кардани ҳастам, ки ба хатару таҳдидҳои пайдошуда, дар замони муосир набояд бефарқ бошем.Стратегияю, қонун ва чораандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намоем ва нагзорем, ки тухми адовату ғайриинсонии терроризму экстремизм ва ғояҳои ифротии онҳо дар ҷомеаи мо реша давонад. Бояд, ки ҳар яки мо қотеъона ба онҳо ҷавоби сазовор дода тавонем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ҳанӯз 17-уми декабри соли 2017 чунин қайд намуда буданд: “Бо мақсади таъмини устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем”[3]
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳон барои бартараф намудани ин падидаи ташвишовари замон ҳамеша ҳамкори намуда, барои солим нигоҳ доштани ҷомеа аз ҳар гуна таҳдидҳо, хатарҳо ва идеологияҳои носолим доим дар мубориза мебошад. Бо чунин низом ва ҳамгироӣ ҷомеаи ҷаҳон метавонад аз ин вабои аср мубориза барад ва дар баробари он ҷомеаи солимро бунёд гузорад. Аз ин рӯ дастаҷамъона мубориза бурдан аз манфиат холӣ набуда, барои созмон додани ҷомеаи мутамаддини башардӯст ва сулҳу суботро дар тамоми ҷоҳон нигоҳ доштан метавонем. Аз дигар тараф ин ҳамгироӣ метавонад ҷоеаи инсониро бо тамоми равандҳову муносибатҳояш рушда равнақ дода, ба ҳадафҳои минбаъдаи наслпарвари худ бирасад. Аз ин хотир ҳамгирои ягона роҳи пешбурди ҷомеа буда, созмондиҳандаи сулҳу субот, идеологияи солим, ҷомеаи солим, насли солим ва дӯстиву рафоқатро ба миён меоварад.
Ба қадри оромиву осоиштагӣ, осмони софу мусаффо, якдилию дӯстӣ, адолату меҳрубонӣ, қадамҳои устувори рушд, бахту саодат ва ватани азизи худ бояд, ки расем ва ҳамеша ин ва дигар арзишҳои олии ҷомеаи Тоҷикистонро арҷу эъзоз намоем. Бигзор Тоҷикистон ватани азизи мо то олам бошад, зиндаву ҷовидон бимонад.
Пайнавишт:
- https://prezident.tj
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017,ш.Душанбе.
- Роҳу усулҳои пешгирӣ ва муқовимат бо террориз ва ифротгароии хушунатомез. Маводи (Конференсияи илми-амалии ҷумҳуриявӣ), – Нури маърифат, Хуҷанд– 2018. – 320 саҳ.
- Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон. Ш.Душанбе - 12.05.2018.
[1] Роҳу усулҳои пешгирӣ ва муқовимат бо террориз ва ифротгароии хушунатомез. С-23.
[2] Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон. Ш.Душанбе - 12.05.2018.
[3]Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017,ш.Душанбе.