Ҳамдастии давлату ҷомеа дар амният ва оромии кишвар

Солҳои охир зиёда аз сад кишвари чаҳон ҳадафи амалҳои террористонаи ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ қарор гирифта, садҳо ҳазор макони зисти ҳудротарк намудаанд. Ҷумҳурии Точикистон низ ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳадафи амалҳои ифротгароёна қарор гирифта буд. Хушбахтона, талошҳои пайгирона ва ҷонбозиҳои бемисли шахсияти таърихи Пешвои миллат имкон доданд, ки кишвари тозаистиқлол аз нестшавӣ ва миллати точик аз парокандагӣ раҳо ёбад. Имрӯз бояд тамоми саъю кӯшишро бар он равона кунем, то шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ карда шавад, ва онҳоро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣҳидоят намоем. Сари вакт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳи бо ҷалби зиёиён, ҷавонон, занон, олимон, ходимони дин имкон медиҳад, ки чавонон аз оқибатҳои даҳшатбори терроризму экстремизм огоҳӣ пайдо намуда, аз шомилшави ба гурӯҳҳои ифротӣ канораҷӯи намояндЗимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ таъкид мегардад,ки террористон сарфи назар аз дину мазҳаб ба ягон намуди мукаддасот арҷ намегузоранд. Барои онҳо мафҳумҳои муқаддас чун Ватан, Модар, ҳамчунин сулҳ,ваҳдат бегона буда, ба хотири анҷом додани амалҳои нопоку даҳшатбори худ аз ҳама воситаҳо истифода мебаранд. Ин омил ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки муборизаро бар зидди терроризму экстремизм боз ҳам пурзӯр намояд. Дар баробари ин ҷавонон, ки ояндасозу пешбарандаи миллатанд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба омӯзиши илму ҳунар пардозанд ва барои гул - гул шукуфии ватани маҳбубамон Точикистон саъю талош намоянд. Пеш аз он ки дар бораи пешгирии ин гуна зуҳуроти номатлуб сухан ронем,зарур мешуморем, ки оид ба паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм дар замони муосир дар кишвари мо мухтасаран маълумот диҳем.

Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бўҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зўроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд. Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ намуданд.Мақсади асосии онҳо ба ваҳму воҳима овардани аҳолӣ буд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми ҳуд ҷалб намуданд. Албатта дар шароити номуайянӣ мардумро ба як самти барои ҳуд дилҳоҳ равона намудан душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд. Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурўхтани яроқу аслиҳа ба гурўҳҳои гуногун ва созгор кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бе назорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурўҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд. Ҳамаи инҳо ба он оварда расониданд, ки дар ҷумҳурӣ яку якбора гурўҳҳои террористӣ ва экстремистии яроқнок пайдо шуда, бо мақсади ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар кардани сохти давлатдорӣ фаъолияти худро оғоз намоянд. Сипас дар мамлакат чӣ гуна вазъият ба амал омад, рафти воқеаву ҳодисаҳои ҷанги бародаркуши доҳилӣ чӣ тавр сурат пазируфт, ҳамчунин ҳалқи табиатан хирадпеша ва сулҳпарвари тоҷик чӣ гуна пеши оташи ҳонумонсўзи ҷангро гирифт, барои аксари мардуми мо маълум аст.

Дар ин масъала мақоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд кардан месазад. Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм - яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин, ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Чунонки дар ибтидо зикр карда шуд, аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ба масъалаи мазкур диққати басо ҷиддӣ дода мешавад. Дар яке аз баромадҳои худ Сардори давлат таъкид намуданд, ки дуруст иҷро нагардидани нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз сарчашмаҳои ғофил мондани наврасону ҷавонон аз ҳодисаву воқеаҳои таъсиркунанда ба оромии кишвар мебошад. Инчунин, дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандони кишвар фирефтаи гурўҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромарзӣ, эмиссарҳои ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва корфармоёни қаллоб гардида, ба содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир ҷалб карда мешаванд. Инчунин мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда маълум мегардад, ки як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ ва дар маҷмўъ иҷро нагардидани ўҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм ҳусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва ҳусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад. Мо, омўзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ, назариявию амалӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳем. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзўънок бедор намоем. Ташкил намудани конференсияҳои тематикӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои қайдгардида, дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад. Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.

Атоев А.М., д.и. ф., мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

Ҳакимова З.А., н. и. ф.,дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ