ҶАМЪБАСТИ ХХХV СПАРТАКИАДАИ "САЛОМАТӢ" ДАР ДОНИШГОҲ

Дар доираи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ХХХV Спартакиадаи «Саломатӣ», ки санаҳои 20-24-уми январи соли 2026 доир гардида буд, ҷамъбаст гардид.

Барои иштироки фаъолона, саҳмгузорӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва нишон додани маҳорати баланди варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногун муаллими калони кафедраи методикаи таълими математика ва технологияҳои информатсионии факултети математика Заррина Абдуллоева ва муаллими кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарори факултети математика Бобур Ҳайдаров аз рӯи намуди шашка, мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети телекомуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ Ҷамшед Раҳимов ва муаллими кафедраи филологияи арабии факултети забонҳои шарқ Мусабехон Холматова аз рӯи намуди шоҳмот, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияҳои информатсионии факултети математика Бахтиёр Маҳмудзода ва коргузори кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ Оиша Қаюмова аз рӯи намуди тенниси рӯи мизӣ, инчунин муаллими калони кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Озода Деҳқонова ва мудири кабинети кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ Илҳом Мирпочоев аз рӯи намуди баскетбол сазовори унвони беҳтарин бозингар гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, аз рӯи натиҷаҳои умумӣ дастаи факултети математика мақоми аввал, дастаи факултети иқтисодӣ мақоми дуюм ва дастаи факултети забонҳои шарқ мақоми сеюмро соҳиб гардида, бо Диплом, Ҷом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ