Ҷамъбасти “Ҳафтаи забони арабӣ” дар факултети забонҳои шарқ

Дар факултети забонҳои шарқ ҷамъбасти “Ҳафтаи забони арабӣ” таҳти унвони “Забони мо – ҷаҳони мо” баргузор гардид, ки ба муносибати “Рӯзи байналмилалии забони арабӣ” ташкил шуда буд. Дар ин чорабинӣ устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни барнома донишҷӯён бо қироати қасидаи “Ман забони арабӣ”, иҷрои шеъру суруд, саҳначаҳо ва муаррифии шарқшиносон маҳорати худро намоиш доданд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Ғаффорова Умеда дар суханронии худ ҳозиринро бо “Рӯзи байналмилалии забони арабӣ” табрик намуда, забони арабиро яке аз қадимтарин ва бойтарин забонҳо таъкид намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ донишҷӯёне, ки дар озмунҳои гуногуни “Ҳафтаи забони арабӣ” ғолиб омада буданд, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадр шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил