Амалҳои ғайриқонунии Қирғизистон!
Масъалаи баҳси сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон вақтҳои охир доғи рӯз гаштааст. Афкори ҷомеа, хусусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронкунанда буда, ба бадбинии миллӣ аз ҳар ду ҷониб оварда расонд.
Амалхои гайриконунии чониби Киргизистон бори дигар исбот менамоянд, ки рохбарияти ин кишвар аз ухдаи идоракунии давлат баромада натавониста истодааст. Хар вакто, ки дар дохили ин кишвар чихати ноухдабароии рохбарияташон ходисае рух дихад хамоно барои баланд бардоштани имичи худашон рохи хушунату ногувор кардани вазъиятро дар сархад пеш меоранд. Мо аз фавти хамватанони худ ва мачрух гардидани чандин нафар дар сархади Точикистону Киргизистон нигарон буда, ба хешовандони мархумон изхори тасалият менамоем ва ба мачрухон шифои комил хохонем.
Албатта, имрӯз барои ҳар фарди бонангу номуси тоҷик фарз аст, ки дар ҳимоя аз марзу буми Ватани аҷдодӣ камари ҳиммат бандад. Аммо фаромӯш набояд кард, ки бадбинӣ ва эҳсосот ҳеҷ гоҳ ба манфиати кор нахоҳад буд. Нангу номус ва ғурури миллӣ болотар аз эҳсосот буда, қодир аст ҳар бадбахтиро ба хушбахтӣ табдил диҳад.
Имрӯз ғурури миллӣ ва ватандории мо пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки мавқеъи расмии давлати худро ҳимоя кунем ва сиёсати Пешвои миллатро дар дилхоҳ мавзуъ, хусусан, масъалаи Ворух ҷонибдорӣ намоем.
Ворух як порчаи ҷудонашавандаи Тоҷикистони азиз буда хоки муқаддаси ин Ватан аст. Барои ҳар як сокини ин мамлакати ободу озод ва ҳар тоҷику тоҷикистони Ворух пораи қалб пораи ҷон ва марзи номус аст. Имрӯз ҳар сокини бонангу номус бошараф ва ватандӯсту бедордили миллат баҳри ҳифзи марзи номус аз аду омода аст. Бахусус мо ҷавонони тоҷик ҳамеша барои ҳифзи Ватан омодаем. Чун имрӯз мо ҳамагӣ шоҳидем ки душманони ин миллат аз дур ба мо санг мезананд.
Вале чун сухан аз ҳифзу дифои ин сарзамин меравад ҳамагӣ муҳри хомӯши бар лаб мезананд. Аммо ин Ватан фарзандони шуҷое дорад, ки барои нигоҳдоштани истиқлолу ваҳдат дар ин сарзамин сина сипар кардаан. Ворух ту танхо нестӣ, мо хамаги зери сиёсати Пешвои миллат бо туем. Ворух мо омадаем барои муҳофизати ту бархезем.