Амали нопоки наҳзатиёнро маҳкум мекунем!
Пас аз табаддулоти Иттиҳоди давлатҳои Шӯравӣ халқи тоҷик ба гирудорҳои зиёде рӯ ба рӯ шудаву ҷанги хонумонсӯзро паси сар ва анқариб миллат ба парокандагӣ дучор омада буд. Давраи пасоҷангии кишвар хело ҳассос паси сар шудаву сарзамини пора-пора гардида баъд аз даҳ соли соҳибистиқлолӣ рӯй ба беҳбудӣ овард. Вале ин давра ба мардум сабақи хуберо омӯхтаасту ватандоре ҳаргиз ҳатто бӯи ҷангу муноқишаро дар кишвар дидан намехоҳад. Магар ки наҳзатиёни наҳс, ки худро мухолифи ин давлат хондаанду гӯё “хайрхоҳ”-и ин ватан ҳастанду “озодӣ” ба мардум меоварда бошанд, ваъдаҳои беасосе дар барномаҳои худ медиҳанд.
Дар китоби таърих саҳифаҳое пуропуранд, ки ҳар як халқу давлат ба худ хос мухолиф дораду раванди давлатдорӣ ба гуруҳе намефорад. Ин ҳолат ҳатто дар давлатҳои абарқудрат низ бисёр мушоҳида мегардад. Вале мухолифини кишвари мо, ки худро он қадар “ватандор” мегиранду “ҳақпараст” метарошанд, дар хориҷи кишвар нишаста, бо барномаву даъвоҳои пучу беасос баромад менамоянду ба қавле ба оташ равған мерезанд. Худ нигаред, ки атрофи як тан фаъоле, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ овоз баланд мекунаду аз нобакориҳои гуруҳҳои ифротӣ сухан мекунад, борони маломат мерезанду нафаре, ки сухану барномаҳои бардурӯғи онҳоро ҷонибдорӣ менамоянд, таърифу тафсифе мекунанд. Ин ҳолатҳо атрофи баромадҳои муғризонаи Муҳаммадиқболи Садриддин хело бисёр мушоҳида мешавад. Бо ин амалашон, ки ҳадафи ягонаи таблиғотӣ дораду танҳо ба хотири роҳгум занонидани шаҳрвандони кишвар сабт мегардад, наҳзатиён тасдиқ менамоянд, ки онҳо ҷонибдори муноқишаву вайронкорӣ ҳастанду ҳаргиз сулҳхоҳ нестанд! Азми меҳварии онҳо якест: халқро гумроҳ кардаву дубора қасди бедодиро бор овараду амалҳои нопоки кашидаи хоҷагони хориҷии онҳо амалӣ гардад. Вале халқи тоҷик он гумроҳи пештара нест, ҳаргиз фирефтаи наҳзатиён нахоҳад шуд!
Халқи кишвар имрӯз ба давлат бо сарварии Пешвои муаззами худ эътимоду боварии калон дораду танҳо ба сӯи ободиву осоиштагӣ роҳ мезанад. Суханҳои беназири Садри муаззами миллат дар ҳама давру замон роҳбалади халқи осоишта асту баҳри ободии ин меҳан раҳнамост: “Бигзор, истиқлолу озодӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳру муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва сарҷамъиву иттиҳодро доим фурӯзон нигоҳ дорад”.
Мо, халқи тоҷик ба ояндаи Тоҷикистон, ки дурахшон асту фардои зиндагии мардуми Тоҷик осудаву обод аст боварии комил дорем! Аз истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамеша пойдор аст ифтихор дорем ва итминон дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон то абад сарбаланду сарфароз мегарданд.
Шарифзода М.