Ҳалли масоли марзӣ салоҳияти мардуми маҳҳалӣ нест!
Тавре маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, санаи 27-уми январи соли равон тахминан соати 18:40 дар чооррроҳаи Зарафшони ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара бо айби сарҳадбонони ҷониби Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омадааст, ки боиси нигарони кулли мардми Тоҷикистон гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони маҳаллӣ мебошанд. Дар натиҷаи чунин муноқишаи мусаллаҳона 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон ва Абдулатиф Шарипов, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.
Боиси тазаккур аст, ки мо бояд дар мавриди даргириҳо ба эҳсост дода нашавем ва аз амали сулҳу салоҳ корро пеш гирем. Феълан вазъият дар минтақаи зикр шуда муътадил аст ва бо музокираи ҷонибҳо оташбас эълон гардид, ки боиси хушнудист.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳалли масъалаҳои марзӣ ҳамеша бо иштироки ҳайатҳои баландпояи расмӣ ва ризоияти тарафайн ҳаллу фасл мегарданд. Аммо аз ҷониби ҳамсоя ҳамеша сокинони мулкӣ мехоҳанд, ки масъалаи марзро ба манфитаи худ ҳал кунанд, ки шаҳодат аз бесарварӣ ва маърифати пасти донишҳои сиёсию ҳуқуқи қирғизҳо мебошад. Сокинони маҳаллии қирғизҳо худ ба сари худ сарваранд.
Низомиёни ҳамсоя ҳамеша ба сари сокини маҳаллӣ ва бегуноҳ оташ мекушоянд ва ҳатто мошини ёрии таъҷилиро мавриди нишон гирифта тирборон кардаанд, ки далели ваҳшонияти онҳоро нишон медиҳад. Ё табитаи ин қавми кӯчманчӣ қатлу куштор аст? Мувофиқи созишномаи (Конвенсия) байналмилалӣ дар ҳолатҳои ҷангӣ ва муноқиша ба кормандони тиб ва мошини ёрии таъҷилӣ тир кушодан қатъиян манъ аст. Аммо мутаассифона....
Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳамеша бо айби ҷониби кишвария ҳамося, яъне қирғизҳомуноқишаҳои сарҳадӣ сарзадаанд. Қирғизҳо ҳамеша мусаллаҳ шуда, бо тайёррӣ ҷониби шаҳрвандонии маҳҳалӣ оташ мекушоянду манзили истиқоматӣ ва мошину дигар амволи шахсии онҳоро ба коми оташ мебаранд.
Қирғизҳо бо ин рафторашон собит месозанд, ки дар воқеъ онҳо аҳдшикану нотавонбин ва бо тафаккури манқурти дар садаи 21 ба сар мебаранд. Қирғиз бояд ҷиноятҳои худро эътироф кунад, на балки маълумоти бардурӯғро дар васоити ахбори оммааш паҳн намояд.
Мо хуб медонем ва дарк менамоем, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша роҳи сулҳро пеша кардааст ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷавобан ба муноқишаҳои ҷониби ҳамсоя рафтор менамояд.
Аз мардуми шарифи кишвар хоҳиш ба амал меорем, ки дар ҳолатҳои муноқишаи сарҳадӣ ба эҳсосот ва дасисаи бархеи аз бадхоҳони миллати тоҷик дода нашаванд. Зеро ҷанг, муноқиша ва қатл ягон вақт роҳи ҳалли мушкилот набуд вашуда ҳам наметавонад. Аз ин рӯ, ҷонибҳо бояд ба хулосаи зарурӣ расида, сабабҳои ба амал омадани чунин муноқишаҳоро жарфтар таҳқиқ намуда, саркунандагон ва ташкилкунандагони муноқиша ҷазои сангин бинанд. Чун ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки ҷониби ҳамсоя ҳамеша сабабгарои муноқишаҳои марзи гардида, аҳдшиканӣ ва санадҳои имзогардидаро нодида мегиранд. Агар вазъ чунин идома ёбад ҳеҷвақт ба манфиати кор нахоҳад буд.
СОРБОНИ Рустам, устоди
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров